барқияҳо
16 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он омадааст:
"Муҳтарам Нурсултон Абишевич!
Табрикоти самимӣ ва таманниёти неки маро ба муносибати солгарди ҷашни миллии Ҷумҳурии Қазоқистон - Рӯзи истиқлолият қабул фармоед.
Бо қаноатмандӣ изҳор менамоям, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон, ки бар анъанаҳои мустаҳками дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ асос ёфтаву решаҳои қадимии таърихӣ доранд, зина ба зина рушд меёбанд. Мехоҳам арзиши хоса ва манфиати кӯшишҳои мутақобилаи таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷабҳаи моро ба манфиати ду миллати бародар ва дар маҷмӯъ, баҳри минтақа таъкид намоям. Тоҷикистон минбаъд низ аз ҷониби худ барои ин раванд ҷидду ҷаҳд хоҳад кард.
Дар ин рӯзи саид мехоҳам ба Шумо, Нурсултон Абишевичи азиз, тани сиҳат, хушбахтӣ ва дар фаъолиятҳои давлатиатон бурдбориҳои калон, ба халқи бародари Қазоқистон бошад, сулҳ, некуаҳволӣ ва саодатмандӣ таманно намоям".
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.12.13 №: 163 Мутолиа карданд: 3386