барқияҳо
19 декабр Президенти Ҷумҳурии Сербия Томислав Николич ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
"Муҳтарам ҷаноби Президент!
Дар ҳошияи интихоби муҷаддади Шумо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимона ва таманниёти сидқии муваффақиятҳо дар амри касбию шахсиро ба Шумо ирсол медорам.
Мутмаинам, ки муносибатҳои анъанавии дӯстонаи байни халқҳою кишварҳоямон минбаъд ҳам дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи мутақобила густариш меёбанд.
Эҳтиромоти бепоёни маро, ҷаноби Президент, бори дигар қабул фармоед".
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.12.13 №: 165 Мутолиа карданд: 3373