барқияҳо
Дар барқияи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Македония доктор Георг Иванов омадааст:
"Муҳтарам Ҷаноби Президент!
Барои ман боиси ифтихор ва хушнудист аз номи мардуми Ҷумҳурии Македония ва аз номи худам Шуморо ба муносибати муҷаддадан интихоб шуданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда ва ба Шумо беҳтарин таманноҳо ва тавфиқ дар ин мақоми масъулиятнок хоҳонам.
Мехостам бо истифода аз ин фурсати муносиб ибрози итминон намоям, ки дар оянда бо талошҳои муштарак мо метавонем равобити дӯстонаамонро тавсеа бахшем ва ҳамкориҳои боз ҳам самараноктар дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба дошта бошем.
Зимни ибрози табрикоти самимона ба Шумо, муваффақият дар корҳоятон ва хушбахтӣ орзу менамоям.
Лутфан Ҷаноби Президент эҳтиромоти волои маро қабул фармоед".
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.12.13 №: 165 Мутолиа карданд: 3417