барқияҳо
Ҳелен Кларк, муовини Дабири кулли СММ ва маъмури Барномаи рушди СММ дар номаи табрикиаш чунин иброз доштааст:
"Ҷаноби Олӣ!
Иҷозат фармоед Шуморо бо интихоби муҷаддад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод намоям.
Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон ҳамкории зичеро, ки байни мо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст ва мушорикати қавиеро, ки мо бо роҳбарияти Шумо тақвият бахшидаем, ба дараҷаи баланд арзёбӣ мекунад. Ин ҳамкорӣ қисми ҷудонашавандаи муваффақияти ибтикороти муштараки мо буд, ки ба рушди Тоҷикистон ва беҳтар шудани сифати зиндагии аҳолӣ ҳам дар дурнамои миёнамуҳлат ва ҳам дурнамои дарозмуҳлат баҳри дастгирии стратегияю барномаҳои миллии Шумо мусоидат мекунад.
Яке аз ҷиҳатҳои муҳимтарини ҳамкории муштараки мо иборат аз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ бо василаи пешбурди рушди устувори инсон мебошад. Мо ба пеш назар карда, мехостем, ки мусоидатро ба таҳкими устуворияти кишвар алайҳи буҳрони шадид ва фалокатҳои табиӣ идома диҳем.
Мехостам омодагии барномаи рушди СММ - ро ҷиҳати ҳамкории зич бо Шумо ва ҳукумати Шумо дар амри дастгирии ҳадафҳои миллии рушд ва ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола барои Тоҷикистон қайд намоям.
Ҷаноби Олӣ, итминони самимонаи маро дар амри эҳтиромоти бепоёнам лутфан қабул фармоед".
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.12.13 №: 165 Мутолиа карданд: 3446