барқияҳо
Дар барқияи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Демократии Халқии Алҷазоир Абдулазиз Бутафлиқа омадааст:
"Ҷаноби Олӣ!
Боиси хушнудист, ки Шуморо ба муносибати муҷаддадан Президенти кишваратон интихоб шудан, самимона табрику таҳният гуфта, ба Шумо дар анҷоми масъулияти баланди сарварии мардуми ба мо дӯсти Тоҷикистон комёбию муваффақият орзу кунам.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб омодагии комили худро барои ҳамроҳ бо Шумо идома додани талошҳо баҳри таҳкими муносибатҳои дӯстӣ байни кишварҳоямон таъкид мекунам".
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.12.13 №: 165 Мутолиа карданд: 3456