барқияҳо
Барқияи шодбоши Эмомалӣ Раҳмон ба Акихито
23 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Ҷопон Акихито барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
"Аълоҳазрат!
Аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба Шумо, Аълоҳазрат, табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниётро ба муносибати фаро расидани Иди миллии кишваратон тақдим медорам.
Умедворам, ки муносибатҳои дуҷонибаи судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон босуръат рушд хоҳанд кард. Мутмаин ҳастам, ки саъю талоши муштарак барои расидан ба ин ҳадафҳо самараи нек ба бор хоҳад овард.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ба Аълоҳазрат умри дароз, сиҳатии комил ва хуш-рӯзӣ ва ба мардуми дӯсти Ҷопон пирӯзӣ ва саодат хоҳонам".
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.12.13 №: 167 Мутолиа карданд: 3378