барқияҳо
30 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:...
30 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Муҳтарам Владимир Владимирович!
Аз шунидани амалиёти террористӣ дар вокзали роҳи оҳани Волгоград, ки боиси ҳалокати одамон гардид, сахт андӯҳгин гардидам. Мо ин амалиёти ваҳшиёнаро қатъиян маҳкум карда, изҳор менамоем, ки саъю кӯшишҳоро барои муқовимати самарабахш бо чунин бадкирдорӣ дастгирӣ намуда, ҷонибдори амалан муттаҳид сохтани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бар зидди он мебошем.
Ба Шумо, Владимир Владимирович, тасаллияти амиқ иброз дошта, хоҳиш мекунам, ки ҳамдардии самимии маро ба хешовандону пайвандони ҳалокшудагон расонед. Мо, ҳамчунин, ҳарчи зудтар шифо ёфтани ҳамаи осебдидагонро таманно дорем».
www.president.tj
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.01.2014 №: 1-2 Мутолиа карданд: 1530