маориф
Соли дастовардҳо
Соли пешин дар соҳаи маориф як қатор ислоҳотҳо, даровардани тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи маориф», бунёди мактабҳои нав, аз байн бурдани мушкилоти норасоии мактабҳо дар минтақаҳои кӯҳистон, таъсиси Маркази миллии тестӣ ва омодагӣ ба низоми ягонаи тестии дохилшавандагон ба мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дастовардҳои хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ба назар мерасад.
Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз соли 2008, дар доираи амалӣ гардонидани “Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008 - 2015”, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагон, биноҳои маъмурию ҷамъиятӣ ҷойгиранд, аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази асосии ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод гардида, 16 мактаб бо маблағи 12 миллиону 811 ҳазор сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Соли 2013 чаҳор мактаби таҳсилоти ибтидоӣ, ки дар деҳоти ноҳияи Балҷувон фаъолият дошт, ба биноҳои навсохт кӯчонида шуда, мақоми филиали мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумиро гирифтанд.
Тавре аз Вазорати маориф ва илм иттилоъ доданд, дар ин сол дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 251 бинои муассисаи таълимӣ барои 45 169 ҷойи нишаст ба маблағи умумии 334 миллиону 109 ҳазор сомонӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Илова ба ин, бинои 19 мактаб ба маблағи 8 миллиону 290 ҳазор сомонӣ пура аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати дастгирии соҳа, бахусус сохтмони муассисаҳои таълимӣ корҳои шоистаи таҳсин ба анҷом мерасанд ва он идома дорад. Ба чунин иқдоми ватанпарварона аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ 15 муассисаи таълимӣ барои 2331 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд.
Норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, ки солҳои дароз идома дошт ва он садди пешрафти таълим мегардид, дар ин сол ҳалли худро ёфт. Хонандагони болаёқати кишвар соли 2013 сазовори 131 медалҳои тило, нуқра ва биринҷӣ гардиданд.
Ҳ.САНГОВА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.01.2014 №: 3 Мутолиа карданд: 1530