logo

энергетика

Зимистон барои “Помир энержӣ” имтиҳони ҷиддист

Ширкати барқии «Помир энержӣ»  ҳамасола ба омодагии саривақтии  иншооти барқии вилоят ба мавсими зимистон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Зеро сифат ва  эътимоднокии фаъолияти корхона дар  ин мавсим, ки он дар Бадахшон нисбат ба дигар манотиқи кишвар  барвақттар оғоз гашта, дертар анҷом меёбад, ба ин самти кор  вобаста  аст.
Дар бобати омодагиҳо ба  зимистонгузаронӣ  бо Амрихон Раҳимов, муовини директори кулли ин ширкат ҳамсуҳбат  гардидем. 
- Ширкат ба мавсими зимистонгузаронӣ бо тайёрӣ ворид гардид, - иброз  дошт  А. Раҳимов  ва  афзуд, - дар  самти  таъмир  ва  навсозии  иншооти асосӣ, баланд бардоштани эътимоднокии  онҳо, таъмини кори муназзам дар  зимистон ва  кам кардани талафоти  қувваи  барқ  корҳои зиёде анҷом ёфтанд. Имрӯз  бештар  аз  75  дар сади   истифодабарандагони  шабакаи  асосӣ, аз  ҷумла  сокинони  шаҳри  Хоруғ, ноҳияҳои  Шуғнон  ва  Роштқалъа, қисмати  асосии  маҳалҳои  аҳолинишини  ноҳияҳои   Ишкошим  ва  Рӯшон  бефосила  қувваи  барқ  мегиранд.  25  фоизи   сокинони  ноҳияҳои  Ванҷу  Дарвоз, водии   Вахони  ноҳияи Ишкошим  ва  қисмати  поёнии  ноҳияи  Рӯшон дар  як шабонарӯз то 18-20  соат  бо қувваи  барқ  таъминанд. Сокинони  маркази  ноҳияи  баландкӯҳи  Мурғоб  дар  як шабонарӯз  то  8 - 10  соат  қувваи  барқ  мегиранд.
Бо мақсади афзун  намудани боздеҳи НБО-ҳо ба таъмиру таҷдиди онҳо аҳамият медиҳем. Вобаста ба ҳамин дар Неругоҳи барқи обии  «Помир-1», ки иншооти бузургтарини ширкат мебошад, корҳои асосӣ анҷом ёфтанд. Имсол ширкат қувваи асосиро ба таъмиру  таҷдиди НБО-и Хоруғ равона намуд. Зеро дар мавсими зимистони соли гузашта бинобар қисман аз кор мондани техникаву механизмҳои  алоҳида як-ду ҳафта агрегатҳои он аз  кор монда буданд. Мутахассисони  ширкат қарор доданд, ки имсол дар навбати аввал ба иваз намудани қисмҳои асосии агрегатҳо – дарвозаи дарғотҳо шурӯъ намоянд. Зеро маҳз ба тариқи онҳо ҷоришавии об ба турбинаҳо  танзим мегардад. Механизмҳои кӯҳнаи затворҳо аз тариқи моторҳои  электрикӣ ба кор дароварда мешуданд ва ҳангоми ҳолатҳои садамавӣ ва  бе қувваи барқ онҳо вазифаи худро иҷро карда наметавонистанд.
Механизмҳои нав бо усули гидравликӣ кор карда, дар ҳамаи ҳолатҳо ҷоришавии обро ба  турбина  мустақилона  мебанданд. Ин имкон медиҳад, ки эътимоднокии кори агрегатҳо махсусан дар  фасли зимистон афзунтар гардад.
Ба беҳбуд бахшидани вазъи таъминоти истеъмолкунандагони ноҳияҳои вилояти бо қувваи барқи хушсифат таваҷҷуҳи  бештар  зоҳир  гашт. Масалан, имсол  шабакаи  интиқоли  барқи  35 кВт  байни   маркази ноҳияи Дарвоз  ва  деҳаи  Курговад  дар  масофаи қариб 40  км  сохта, зеристгоҳи барқии 35/10 кВт  дар марказ пура таҷдид шуда, дар деҳаҳои Кеврон, Висхарв ва Курговад  зеристгоҳҳои нав  насб  гардиданд. Ҳамаи  ин  ба  он мусоидат  намуд, ки  сифати  таъминоти  барқ  на  танҳо  дар  ноҳияи  Дарвоз, балки  дар   қисмати  поёнии  ноҳияи  Ванҷ   низ  беҳтар  шавад.
Дар оғози  соли  2013 ширкат  бори  нахуст  ба  сохтмони  шабакаҳои  барқии  баландшиддати иқтидорашон 110 кВт шурӯъ  намуд ва дар  самтҳои   ноҳияҳои   Ишкошим  ва Шуғнон  аз  тарафи  шаҳри  Хоруғ  бо  насби  зеристгоҳҳои  бақувват  ба  масофаи 14  км  мавриди  истифода  қарор  гирифтанд. Ин  имкон  дод, ки  сифати  таъминоти  барқ  дар  ин  ноҳияҳо  дучанд  беҳтар  гардад.
Дар баробари беҳсозии фаъолияти шабакаҳои барқӣ  боз ду барномаи ҳам барои муштариён ва ҳам барои ширкат муҳим, яъне идома додани васлкунии ҳисобкунакҳои барқӣ ва таъмини субсидия барои оилаҳои ниёзманд аз рӯи шакли нав мавриди амал қарор гирифтанд. Ин  тадбирҳо  имкон  медиҳанд, ки вазъи  пардохти  ҳаққи  қувваи  барқ  беҳтар  гардад.
Субсидия, ки имсол бо ёрии  Ҳукумати кишвар аз тарафи Ҳукумати  Швейтсария ҷудо гардид, минбаъд фақат дар мавсими сармо (аз ноябр то март) дода шуда, он мутобиқи механизми нав аз рӯи 3 категория пардохт  мегардад. Ба категорияи як муштариёне  дохил мешаванд, ки   дар  давоми  моҳ  то  190 кВт-соат қувваи   барқ  истеъмол менамоянд. Муштариёне, ки  дар  давоми  моҳ  аз  190  то 220 кВт-соат  қувваи  барқ  истифода  бурда  бошанд, ба  категорияи  дуюм  ва  аз 221 то  360 кВт-соат  ба  категорияи  сеюм  ворид мегарданд.  Барои муштариёни  категорияи  якум  субсидия  дар  ҳаҷми 2.65 сенти ИМА  муқаррар  шуда, онҳо  маблағи  боқимондаро  бо  тарифи  0,10 сент   месупоранд. Барои  муштариёни категорияи  дуюм  субсидия  дар  ҳаҷми 2.45 сенти ИМА  ва  категорияи  сеюм 2,25  сент  аст. Муштариёни  категорияи  дуюм ҳаққи  истифодаи   қувваи  барқи  боқимондаро  бо  тарифи  0,30  сентӣ  ва  категорияи  сеюм  бо нархи  0,50  сентӣ месупоранд. Механизми нави   субсидия  муштариёнро  водор  месозад, ки   дар  истифодаи  қувваи  барқ бештар сарфакор бошанд. Бо вуҷуди ин қарздории  истифодабарандагони қувваи барқ меафзояд ва ширкат наметавонад ин  маблағҳоро барои омода намудани иншооти барқӣ ба давраи зимистон истифода барад.
Новобаста аз он ки сатҳи зиндагии шаҳриён нисбат ба аҳолии деҳот баландтар аст, қарздорӣ маҳз дар марказ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Ба ҳолати 1 декабри соли 2013 қарздории умумӣ аз ҳисоби истифодабарии қувваи барқ дар шаҳри Хоруғ  1 миллиону 831 ҳазор сомониро ташкил дод, 25 фоиз  ё беш аз 465 ҳазор сомонии он ба  хоҷагиҳои  шахсӣ тааллуқ  дорад.
Боқӣ ба корхонаю муассисаҳои шаҳр, аз  ҷумла  835 ҳазору 707 сомонӣ ба Корхонаи фаръии обу корези Хоруғ рост меояд.
Қарз дар маҳаллаҳои Тирчид, ба номи Сайфулло Абдуллоев, Хичордев ва Бизмич, беморхонаи вилоятӣ, заводи нон, зиёд буда, ҳар моҳ тамоюли болоравии он ба назар мерасад.  Ширкат дар навбати аввал барои муштариёни шаҳри Хоруғ ҳисобкунакҳои нави замонавиро васл намуда, дар ҳамаи фаслҳои сол муттасил бо қувваи барқи хушсифат таъмин  менамояд, вале онҳо маблағи барқро намепардозанд.
Қисме қоидаҳои истифодаи қувваи барқро дағалона вайрон  ва бо ин амали худ барои кормандони барқ мушкилоти нав эҷод мекунанд. Баъзеҳо  ҳисобкунакҳоро шикаста ё тамғаашонро канда, дар ҳисобу китоби сарфиёти барқ монеаҳо  эҷод мекунанд. Ширкат барои чунин муштариён қуттиҳои махсуси оҳанини сурхранг  васл  намуд. Бо  дидани  чунин  ҳисобкунакҳо   дигарон мефаҳманд, ки дар ин хона вайронкунандаи қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва қарздорон истиқомат мекунанд. Муштариёни  алоҳида   дар тоза кардани хатҳои интиқоли барқ аз шохаҳои дарахтон  ба  кормандони  ширкат   халал  мерасонанд. Ҳатто  худсарона ба буридани дарахтон дар наздикии хатҳои барқӣ даст зада, сабабгори сар задани садамаҳои ногаҳонӣ мегарданд.
Масалан, 25 ноябри соли 2013 сокини   шаҳри  Хоруғ  Отамбек Отамбеков бидуни муроҷиати пешакӣ ба ширкат ба буридани дарахти назди хонааш даст зада, сабабгори садама гардид. Дар натиҷаи расиши дарахт ба ноқилҳои баландшиддати барқӣ интиқоли барқ дар самти Ишкошим, Рӯшон ва Шуғнон қатъ гашт ва беш аз 8000 муштарӣ дар давоми қариб 2 соат аз қувваи барқ маҳрум монданд. Албатта, ӯ барои   ин  амалаш  мутобиқи  қонунҳои  амалкунанда  ҷавоб  мегӯяд. Вале  гап  дар сари  он  аст, ки чунин шахсон  фикр намекунанд, ки бо на фақат ҷони худ ва наздиконашонро дар хатар мемонанд, балки муштариёнро соатҳои дароз аз қувваи барқ бенасиб карда, ба ширкат зарари зиёди молиявӣ мерасонанд.
Роҳбарият ва кормандони масъули ширкат чандин маротиба тавассути васоити ахбори омма  аз  тамоми   муштариён хоҳиш карданд, ки аз амалҳои зишт ва номатлуб дар истифодаи қувваи барқ даст кашида, неруро дар буҷети оилавии худ баъд аз нон дар ҷойи дуюм гузоранд. Чунки имрӯз бе барқ ҳаёти худро тасаввур кардан амри муҳол аст.
Раҳмони  Гулзор,”Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.01.2014    №: 3    Мутолиа карданд: 7841
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед