қонунҳои ҶТ
Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ҶИНОЯТКОРИИ МУТАШАККИЛОНА
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шахсони ҳуқуқӣ, ҷамъият ва давлат аз ҷинояткории муташаккилона ба танзим дароварда, асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона муайян мекунад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ҷинояткории муташаккилона – зуҳуроти барои ҷамъият хавфноке, ки бо таъсис ва фаъолияти ҷиноятии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, аз ҷумла гурӯҳҳои (дастаҳои) мусаллаҳ, иттиҳодҳои ҷиноятӣ (ташкилотҳои ҷиноятӣ) алоқаманд аст;
- гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ – гурӯҳи устувори шахсоне, ки пешакӣ барои содир кардани як ё якчанд ҷиноят муттаҳид шудаанд;
- иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) – муттаҳидшавии ду ё якчанд гурӯҳи муташаккил, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин ба ташкилоти устувор табдил ёфта, фаъолияти он ба тақсимоти вазифаҳои идоракунӣ, таъмин ва иҷрои мақсадҳои ҷинояткоронаи иттиҳод дар байни аъзои иттиҳод ва сохторҳои он асос меёбад;
- маблағгузории гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) – бевосита ё бавосита пешниҳод кардан, интиқол додан ё ҷамъ овардани пули миллӣ ё асъори хориҷӣ бо мақсади пурра ё қисман истифода кардани онҳо барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти муташаккилона дошта;
- ташкилоти ба гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) мусоидаткунанда – ташкилоте, ки дидаю дониста ба гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ва ё ба иштирокчиёни он барои амалӣ намудани фаъолияти ҷиноятӣ суратҳисоб, истеҳсолот, бино, иншоот, нақлиёт, воситаҳои техникӣ ва дигар молу мулкро пешниҳод менамояд, ҳамчунин ташкилоте, ки барои пинҳон кардани изҳои фаъолияти ҷиноятии гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) мусоидат менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷи-кистон дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Вазифаҳои мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона
Вазифаҳои мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона инҳо мебошанд:
- ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шахсони ҳуқуқӣ, ҷамъият ва давлат аз ҷинояткории муташаккилона;
- огоҳонидан, ошкор намудан ва пешгирӣ кардани фаъолияти ҷиноятии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ва иштирокчиёни онҳо;
- ошкор ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба пайдоиш ва густариши ҷинояткории муташаккилона мусоидат менамоянд;
- роҳ надодан ба воридшавии ҷинояткории муташаккилона ба низоми мақомоти давлатӣ.
Моддаи 4. Принсипҳои мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона
Мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона ба принсипҳои қонуният, баробарӣ дар назди қонун, эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ногузирии ҷавобгарӣ, низомнокию пайдарҳамӣ, афзалиятнокии воситаҳои ошкор ва пешгирӣ намудани ҷинояткории муташаккилона, ҳамбастагии усулу воситаҳои ошкоро ва ғайриошкоро асос меёбад.
Моддаи 5. Самтҳои асосии мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона
Ба самтҳои асосии мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона мансуб дониста мешаванд: огоҳонидан, ошкор намудан ва пешгирӣ кардани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳодҳои ҷиноятӣ (ташкилотҳои ҷиноятӣ) ва иштирокчиёни онҳо, ки бо фаъолияти зерин машғуланд:
- фаъолияти террористӣ;
- фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ);
- савдои одамон;
- муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо;
- муомилоти ғайриқонунии силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангии он, воситаҳои таркиш ва моддаҳои тарканда;
- контрабандаи (қочоқи) воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, силоҳ ва лавозимоти ҷангии он, воситаҳои таркиш ва моддаҳои тарканда, маводи ядроӣ ва радиоактивӣ;
- қонунигардонии (расмикунонии) даро-мадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда;
- тайёр кардан, ба муомилот баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ (сохта), картаҳои қалбакии (сохтаи) кредитӣ ё ҳисоббаробаркунӣ ё дигар асноди пардохт;
- таҷовуз ба амнияти иттилоотӣ;
- кӯшишҳои ғайриқонунии тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳдид ба асосҳои ҳуқуқии он.
Моддаи 6. Чораҳои мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона
Мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона тавассути чораҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- таъмини танзими ҳуқуқии ҳамаҷонибаи фаъолият оид ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона;
- таҳлили системавии ҷараёнҳои дар муҳити ҷинояткорӣ рӯйдиҳанда;
- аз байн бурдан ва пешгирӣ кардани маблағгузории ҷинояткории муташаккилона;
- банақшагирӣ, ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо оид ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, аз ҷумла бо давлатҳои хориҷӣ;
- такмил додани ташкили кор ва тактикаи фаъолияти мақомоти давлатӣ, ки бар зидди ҷинояткории муташаккилона мубориза мебаранд;
- такмил додани низоми иттилоотӣ, молиявӣ, моддӣ-техникӣ ва дигар таъминоти фаъолият оид ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона;
- таъмини назорат ба фаъолият оид ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона.
БОБИ 2. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ ОИД БА МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ҶИНОЯТКОРИИ МУТАШАККИЛОНА
Моддаи 7. Субъектҳое, ки бевосита бар зидди ҷинояткории муташаккилона мубориза мебаранд
Субъектҳое, ки бевосита бар зидди ҷинояткории муташаккилона мубориза мебаранд, инҳоянд:
- мақомоти корҳои дохилӣ;
- мақомоти амнияти миллӣ;
- мақомоти прокуратура;
- мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия;
- мақомоти назорати маводи нашъаовар;
- мақомоти гумрук.
Моддаи 8. Доираи амали субъектҳое, ки бевосита бар зидди ҷинояткории муташаккилона мубориза мебаранд ва таъминоти иттилоотии онҳо
1. Субъектҳое, ки бевосита бар зидди ҷинояткории муташаккилона мубориза мебаранд, дар доираи ваколатҳои худ фаъолиятро бар зидди ҷинояткории муташаккилона амалӣ менамоянд.
2. Бо мақсади ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, ҷамъбаст ва таҳлили иттилоот дар бораи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва иттиҳодҳои ҷиноятӣ (ташкилотҳои ҷиноятӣ), аз ҷумла берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятдошта, иштирокчиёни онҳо, воқеаҳо ва ҳолатҳои ба ҷинояткории муташаккилона алоқаманд, баҳри самаранок амалӣ намудани тадбирҳои ҳадафманд ва таҳлили вазъи ҷинояткории муташаккилона дар мақомоти корҳои дохилӣ махзани баҳисобгирии оперативӣ таъсис дода шуда, он пеш бурда мешавад. Иттилоот аз махзани зикргардида бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 9. Воҳидҳои махсус оид ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона
1. Воҳидҳои махсус оид ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона дар мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд.
2. Воҳидҳои махсус оид ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона ҳангоми иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон вогузоргардида ҳуқуқ доранд:
- барои иштирок дар амалиёти махсус кормандони мақомоти дахлдори давлатиро дар мувофиқа бо роҳбарони мақомоти мазкур ҷалб намоянд;
- бо шаҳодатномаи хизматӣ ва рухсатномаи мақомоти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нуқтаҳои гузаргоҳ тариқи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҷойҳое, ки назорати наздисарҳадӣ амалӣ карда мешавад, бемамониат ворид гарданд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манъ намудани ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавии шахсони воқеӣ, ки бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии байналмилалӣ алоқаманданд, инчунин оид ба муқаррар намудани назорат ба воридшавӣ ва баромадани шахсони воқеии ба ҷинояткории муташаккилона алоқаманд, таклиф пешниҳод намоянд;
- барои пешбурди мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани экспертиза ва таҳқиқот коршиносон (экспертҳо) ва мутахассисонро ҷалб намоянд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоту ҳуҷҷатҳои дахлдорро аз мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо ройгон гиранд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷозатномадиҳанда ё ба суд оид ба бекор кардани амали иҷозатнома ба намудҳои дахлдори фаъолият муроҷиат намоянд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба прокурори дахлдор барои даъво овардан дар бораи беэътибор донистани аҳдҳо муроҷиат намоянд.
3. Воҳидҳои махсус оид ба мубориза бо ҷинояткории муташаккилона уҳдадоранд ҳан-гоми мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистонро риоя намоянд ва ба инобат гиранд.
4. Дигар ҳуқуқу уҳдадориҳои воҳидҳои махсус оид ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона бо Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 10. Иштироки дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона
Вазорати мудофиа, мақомоти адлия, мақомоти молия, Гвардияи миллӣ, мақомоти андоз, Бонки миллӣ (Департаменти мониторинги молиявӣ) ва ташкилотҳои қарзӣ, инчунин дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дахлдор дар доираи ваколатҳои худ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона иштирок менамоянд.
Моддаи 11. Ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона
Ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳое, ки бевосита бар зидди ҷинояткории муташаккилона мубориза мебаранд, дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона иштирок менамоянд, аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он амалӣ карда мешавад.
Моддаи 12. Ҳамкории субъектҳое, ки бевосита бар зидди ҷинояткории муташаккилона мубориза мебаранд бо мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ
1. Тартиб ва шартҳои ҳамкории субъектҳое, ки бевосита бар зидди ҷинояткории муташаккилона мубориза мебаранд бо мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
2. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори он бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи То-ҷикистон дар масъалаҳои мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона бо давлатҳои хориҷӣ ва мақомоти дахлдори онҳо ҳамкорӣ мекунанд.
Моддаи 13. Мусоидат ба мақомоти дав-латӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона
1. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон ва шахсони мансабдори онҳо дар доираи ваколатҳои худ уҳдадоранд ба мақомоти давлатие, ки бар зидди ҷинояткории муташаккилона мубориза мебаранд, маълумот ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод кунанд.
2. Маълумот ва ҳуҷҷатҳои дорои сири давлатӣ, бонкӣ ва дигар сире, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз менамояд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
3. Шахсони воқеӣ ҳуқуқ доранд ба мақомоти давлатие, ки бар зидди ҷинояткории муташаккилона мубориза мебаранд, мусоидат намоянд.
Моддаи 14. Риояи ҳуқуқу озодиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона
1. Субъектҳое, ки бевосита бар зидди ҷинояткории муташаккилона мубориза мебаранд, дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона иштирок менамоянд, уҳдадоранд ҷиҳати поймол накардани ҳуқуқу озодиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тамоми чораҳои заруриро андешанд.
2. Дар сурати поймол карда шудани ҳуқуқу озодиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби субъектҳое, ки бевосита бар зидди ҷинояткории муташаккилона мубориза мебаранд, дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона иштирок менамоянд, ин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд нисбати амалҳои (беамалии) мақомот ва ташкилотҳои номбурда ба мақомоти болоӣ, прокуратура ва ё ба суд шикоят намоянд.
3. Иттилоот дар бораи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти ҷинояткории онҳо вобаста набуда, аз ҷониби субъектҳое, ки бевосита бар зидди ҷинояткории муташаккилона мубориза мебаранд, ба даст оварда шудаанд, бояд ифшо нагарданд ва маводу ҳуҷҷатҳои ҷамъовардашуда дар муҳлати на дертар аз се моҳи ба даст овардани онҳо нобуд карда мешаванд, агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд.
4. Зараре, ки дар натиҷаи амалҳои (беамалии) субъектҳои бевосита бар зидди ҷи-нояткории муташаккилона муборизабаранда, дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона иштирокдошта ва ё шахсони мансабдори онҳо расонида шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
Моддаи 15. Ҷавобгарии ташкилоти ба гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) мусоидаткунанда
1. Ташкилоте, ки ба гурӯҳи муташаккили ҷи-ноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) мусоидат менамояд, дар асоси қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода мешавад.
2. Ариза дар бораи барҳамдиҳии ташкилоте, ки ба гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) мусоидат мекунад, аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯ пешниҳод карда мешавад.
3. Дар сурати қабул шудани қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барҳамдиҳии ташкилоти ба гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) мусоидаткунанда, маблағҳои пулӣ, арзишҳо ва дигар молу мулки ба ташкилот тааллуқдошта пас аз қонеъ гардонидани талаботи кредиторон (ба шарте ки ин кредиторон бо ҷинояткории муташаккилона алоқаманд набошанд) ба фоидаи давлат гузаронида мешавад.
БОБИ 3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 16. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонун-гузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 17. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2013,
№ 1038
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 7 ноябри соли 2013, № 1321
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» -ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2013, № 593
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.01.2014 №: 4 Мутолиа карданд: 1880