қонунҳои ҶТ
Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАР БОРАИ АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТАНИ БАЪЗЕ САНАДҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, КИ ДАР ДАВРАИ СОЛҲОИ 1956 - 1957 ҚАБУЛ ШУДААНД
Моддаи 1. Санадҳои қонунгузории зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1956 - 1957 қабул шудаанд, аз эътибор соқит дониста шаванд:
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 29 феврали соли 1956 «Дар бораи тасдиқ намудани низомномаи Байрақи Давлатии РСС Тоҷикистон» (Протоколи №13, §3);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 30 августи соли 1956 «Дар бораи васеъ намудани ҳудуди шаҳри Сталинобод» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1956, №10);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 1956 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба сарҳади маъмурии территориявии ноҳияҳои шаҳри Сталинобод» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1957, №1);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 18 декабри соли 1956 «Дар бораи муайян намудани номҳои фахрии «Устои хизматнишондодаи маълумоти касбӣ-техникии РСС Тоҷикистон» ва «Муаллими хизматнишондодаи маълумоти касбӣ-техникии РСС Тоҷикистон» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1957, №2);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 20 апрели соли 1957 «Дар бораи ба Университети давлатии Тоҷикистон додани номи В. И. Ленин» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1957, №10);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 25 маи соли 1957 «Дар бораи ба ихтиёри комитетҳои иҷроияи Советҳои депутатҳои меҳнаткашони вилоятҳои РСС Тоҷикистон додани ҳалли масъалаҳои оид ба даровардани тағьирот ба сарҳадҳои Советҳои қишлоқҳо» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1957, №11);
- Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 27 маи соли 1957 «Дар бораи ба Вазорати транспорт ва хоҷагии роҳҳои РСС Тоҷикистон табдил додани Вазорати транспорти автомобилӣ ва роҳҳои сангфарши РСС Тоҷикистон» (Протоколи №33, §4).
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2013, № 1044
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит
донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи
солҳои 1956 - 1957 қабул шудаанд»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1956-1957 қабул шудаанд» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 20 ноябри соли 2013, № 1347
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1956 - 1957 қабул шудаанд»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои1956 - 1957 қабул шудаанд»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1956-1957 қабул шудаанд» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2013, № 599
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.01.2014 №: 4 Мутолиа карданд: 1705