logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2012, №9, мод.838)  боби 471 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«БОБИ 471. ХУСУСИЯТИ АНДОЗБАНДИИ ХОҶАГИҲОИ ПАРРАНДАПАРВАРӢ ВА КОРХОНАҲОИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДАИ ХӮРОКИ ОМЕХТАИ ПАРРАНДА ВА ЧОРВО
Моддаи 3131. Хусусияти андозбандии хоҷагиҳои паррандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи парранда ва чорво
1. Муқаррароти моддаи мазкур нисбат ба хоҷагиҳои паррандапарварӣ ва корхонаҳое, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеҳсоли саноатии хӯроки омехтаи парранда ва чорво машғул буда, бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва (ё) қарзи бонкҳои хориҷӣ дар ҳаҷми на камтар аз 16 миллион доллари ИМА фаъолият менамоянд (минбаъд – корхонаҳо), татбиқ карда мешавад.
2. Корхонаҳои ҷавобгӯи муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур дар сурати аз ҷониби бонкҳои хизматрасони онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар бораи воридшавии маблағҳо ба ҳисоби онҳо ва (ё) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ гардидани воридшавии сармоя ба фонди оинномавии онҳо, аз супоридани андозу пардохтҳои зерин ба муҳлати 12 сол озод карда мешаванд:
- андоз аз фоида;
- андоз аз арзиши иловашуда;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
- андоз аз молу мулки ғайриманқул;
- андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ ҳангоми ворид намудани молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳо.
3. Дар ҳолати аз ҷониби чунин корхонаҳои тибқи ҳамин боб андозбандишаванда таҳвил додани молҳои воридотӣ ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин амалиёт бо андоз аз арзиши иловашуда, боҷи гумрукӣ ва дигар андозҳо бо тартиби умумии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешаванд.  
4. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи молҳои воридотии бевосита барои эҳтиёҷоти худии корхонаҳо воридшавандаро, ки тибқи ҳамин боб андозбандӣ мешаванд, муайян менамояд.
5. Барои корхонаҳои тибқи ҳамин боб андозбандишаванда муҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботи андоз, инчунин муҳлати даъво ба муҳлати (давраи) пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ мутобиқи қисмҳои 2 ва 4 моддаи мазкур дароз карда мешавад. 
6. Дастурамал оид ба андозбандии корхонаҳои тибқи ҳамин боб андозбандишаванда, инчунин шаклҳои эъломияҳо (ҳисобот, маълумот) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.».  
Моддаи 2.
1. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
2. Имтиёзҳои андозии пешбининамудаи моддаи 3131  Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корхонаҳо тибқи муқаррароти Қонуни мазкур дода мешаванд.
3. Ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мурғи ҳилол»-и ноҳияи Файзобод ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нутристар Тоҷикистон»-и шаҳри Душанбе, ки муқаррароти қисмҳои 1 ва 2     моддаи 3131 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро менамоянд, имтиёзҳои андозии пешбининамудаи моддаи зикршуда аз 1 январи  соли 2014 ба муҳлати 12 сол дода мешаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон       Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2013 №1045

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»  қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон    Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 5 декабри соли 2013, № 1372

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон      М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2013, № 601


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.01.2014    №: 4    Мутолиа карданд: 1695
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед