logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №9, мод. 838) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба сархати дуюми қисми 1 моддаи 19 пас аз калимаҳои «қонунгузории андоз» калимаҳои «, аз ҷумла доир ба тартиб додани санади муқоисавӣ» илова карда шаванд.
2. Дар моддаи 29:
 - дар қисми 7 калимаи «инфиродӣ» ба калимаҳои «инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда» иваз карда шавад;
-  аз сархати якуми қисми 8 калимаҳои «соҳибкори инфиродӣ -» хориҷ карда шаванд.
3. Дар сархати якуми моддаи 56 калимаи «андозсупорандаро» ба калимаҳои «андозсупоранда ё рамзи сабаби ба ҳисоб гузоштанро» иваз карда шавад.
4. Ба сархати дуюми моддаи 78 пас аз калимаи «фавқулодда» калимаҳои «, ки пардохти қарзи андозро ғайриимкон менамоянд ва ҳолатҳои дигаре, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад» илова карда шаванд.
5. Дар қисми 2 моддаи 93 калимаҳои «чунин маълумотро» ба калимаҳои «маълумотро оид ба андозсупоранда» иваз карда шаванд.
6.  Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 102 калимаҳои «шахсони ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробаркардашуда» ба калимаҳои «иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда» иваз карда шаванд.
7. Дар банди 8) моддаи 104:
- ба матни банд пас аз калимаҳои «Афзоиши арзиш» калимаҳои «аз фурӯш» илова карда шаванд;
- аз зербанди б)  калимаи «фурӯши» хориҷ карда шавад.
8. Дар сархати чоруми қисми 6 моддаи 128, ном ва қисмҳои 1, 2 ва 4 моддаи 134, зербанди в) банди 1) моддаи 138 ва номи моддаи 170 калимаи «боркашонии» ба калимаҳои «ҳамлу нақли» иваз карда шавад.
9. Аз қисми 2 моддаи 156 калимаи «пардохтшуд» хориҷ карда шавад.
10. Ба қисми 1 моддаи 157 пас аз калимаҳои «ҳармоҳаро» ва «моҳи» мувофиқан калимаҳои «(ҳар семоҳаро)» ва  «(семоҳаи)» илова карда шаванд.
11. Дар қисми 4 моддаи 169:
- ба сархати чорум  пас аз калимаи «Номгӯи» калимаҳои «техникаи таъиноти кишоварзӣ,» илова карда шаванд;
- дар сархати ҳафтум калимаи «муҳим» ба калимаҳои «муҳими давлатӣ» иваз  карда шавад;
-  сархати даҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- воридоти техникаи  ҳарбӣ, агрегатҳои асосӣ, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва дастгоҳҳои парвозкунандаи таъиноти мудофиавидошта, инчунин қисмҳои эҳтиётӣ ба онҳо;».
12. Аз қисми 2 моддаи 181 калимаҳои «истеҳсол ва (ё) фурӯши маҳсулоти» хориҷ карда шаванд.
13. Қисми 4 моддаи 195 хориҷ карда шавад.
14. Аз қисми 5 моддаи 214 калимаҳои «бе тарҳкунӣ» хориҷ карда шаванд.
15. Дар моддаи 216:
- дар қисми 2 калимаи «аксари» ба калимаҳои «баландтарини (бо назардошти коэффитсиенти минтақавии)» иваз карда шавад;
- аз қисми 3 калимаи «мустақилона» хориҷ карда шавад.
16. Дар моддаи 218:
- аз қисми 2 калимаҳои «, инчунин нисбат ба аъзои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ» хориҷ карда шаванд;
- аз қисми 6 калимаҳои «ягонаи андоз аз даромад ва» хориҷ карда шуда ва калимаи «андозҳоро» ба калимаи «андозро» иваз карда шавад.
17. Ҷумлаи сеюми қисми 4 моддаи 268 хориҷ карда шавад.
18. Дар моддаи 275 калимаҳои «молу мулки ғайриманқул» ва калимаҳои «объектҳои молу мулки ғайриманқул» ба калимаҳои «объектҳои ғайриманқул» иваз карда шаванд.
19. Дар моддаи 279:
- дар қисми 1 калимаҳои «объекти молу мулки ғайриманқул» ва «танзимкунанда» мувофиқан ба калимаҳои «объектҳои ғайриманқул» ва «минтақавӣ»  иваз карда шаванд;
- дар қисми 2:
- дар сархати якум калимаҳои «объектҳои молу мулки ғайриманқули» ва «истифодашавандаи» мувофиқан ба калимаҳои «объектҳои ғайриманқули» ва «истифодашаванда, инчунин биноҳои ёрирасони онҳо»  иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюм калимаҳои «объектҳои молу мулки ғайриманқули» ва «истифодашавандаи» мувофиқан ба калимаҳои «масоҳати боқимондаи объектҳои ғайриманқули» ва «истифодашаванда, инчунин биноҳои ёрирасони онҳо»  иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюм ва панҷум калимаҳои «объектҳои молу мулки ғайриманқули» ба калимаҳои «объектҳои ғайриманқули»  иваз карда шаванд;
- дар сархати чорум ва  шашум калимаҳои «объектҳои молу мулки ғайриманқули» ба калимаҳои «масоҳати боқимондаи объектҳои ғайриманқули»  иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаҳои «объекти молу мулки» ба калимаи «объектҳои» иваз карда, аз гурӯҳҳои 5, 6 ва 7 ҷадвал калимаҳои «шаҳракҳо ва» ва «шаҳрак ва» хориҷ карда шаванд.
20. Дар номи параграфи 4 боби 41 калимаи «андоз»  ба калимаи «андозҳо» иваз карда шавад.
21. Дар қисмҳои 2, 3, 4 ва 5 моддаи 280 калимаҳои «Андоз» ва «андоз» мувофиқан ба калимаҳои «Андозҳо» ва «андозҳо» иваз карда шаванд.
22. Дар қисми 7 моддаи 282 калимаҳои «ҳисоб кардан ҳисоб ва супоридани» ба калимаҳои «ҳисоб ва пардохти» иваз карда шаванд.
23. Дар моддаи 284:
- ҷумлаи дуюми қисми 3 хориҷ карда шавад;
- сархати дуюми қисми 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«- аз пешниҳоди ҳисоботи андоз;».
24. Аз қисми 2 моддаи 288 калимаҳои «дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ» хориҷ карда шаванд.
25. Аз қисми 2 моддаи 289 калимаҳои «низоми умумии андозбандӣ ё» хориҷ карда шаванд.
 26. Дар сархати якуми қисми 3 моддаи 291 калимаҳои «системаи соддакардашудаи андоз» ба калимаҳои «андози низоми соддакардашуда» иваз карда шаванд.
27. Дар қисми 1 моддаи 298 калимаҳои «барои низоми махсус андозбандии субъектҳои соҳибкории хурде» ба калимаҳои «низоми махсус барои андозбандии субъектҳое» иваз карда шаванд.
28. Дар моддаи 308:
- аз сархати нӯҳуми қисми 1 калимаҳои «барои гирифтани даромад» хориҷ карда шаванд;
-  ҷумлаи дуюми қисми 7 хориҷ карда шавад.
29. Дар қисми 2 моддаи 309 калимаҳои «даромади дар ҳаҷми устувор гирифташуда, бо карат нисбат ба нишондиҳанда барои ҳисобҳо на камтар аз андозаи калонтарини пардохт барои патент» ба калимаҳои  «даромад дар ҳаҷми устувор» иваз карда шаванд.
30. Дар қисми 2 моддаи 312 калимаи «муҳим» ба калимаҳои «муҳими давлатӣ» иваз карда шавад.
31. Дар қисми 11 моддаи 313 калимаи «азнавтаъсисдодашуда» ба калимаи «навтаъсис» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2013, № 1046


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»  қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 17 октябри соли 2013, № 1292

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии  Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2013, № 600


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.01.2014    №: 5    Мутолиа карданд: 2064
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед