қонунҳои ҶТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 «Дар бораи алоқаи барқӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2002, №4, қ.2, мод.323; с.2006, №3, мод.156; с.2008, №3, мод.198; №12, қ.2, мод.996) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 2 сархатҳои чордаҳум ва понздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«симкорт» - модули ҳаммонандсозӣ (идентификатсионӣ) буда, дар хотираи он иттилоот дар бораи хизматрасонӣ, маълумоти муайянкунандаи истифодабарандаи хизмати алоқаи барқӣ ҷойгир карда шуда, пешниҳоди хизматрасонии оператори шабакаи алоқаи барқиро таъмин менамояд;
«ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ ва ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ» - ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда ҳангоми пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ барои шахси воқеӣ шиноснома - (барои шахсони бешаҳрванд - шаҳодатномаи бақайдгирӣ) ва барои шахсони ҳуқуқӣ шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ мебошанд;».
2. Ба қисми якуми моддаи 10 сархати даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- тасдиқ кардани қоидаҳои хизматрасонӣ вобаста ба хариду фурӯши симкортҳо ва ба тавозуни истифодабаранда гузаронидани маблағ барои истифодаи хизмати алоқаи барқӣ;».
3. Ба қисми якуми моддаи 20 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- шартномаро бевосита бо худи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахсони воқеӣ ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахсони ҳуқуқӣ банданд;».
4. Ба қисми якуми моддаи 21 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ҳангоми бастани шартнома ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ ва ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқиро пешниҳод намоянд;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2013, № 1047
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 10 октябри соли 2013, № 1278
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2013, № 602
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 7.01.2014 №: 5 Мутолиа карданд: 1639