қонунҳои ҶТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ САЛОМАТИИ АҲОЛӢ»
Моддаи 1. Ба моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1997, №9, мод.115; с.2003, №4, мод.149; с.2004, №2, мод.45; с.2005, №12, мод.651; с.2009, №5, мод.339; с.2013, №7, мод.537) қисми нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи давлатии тандурустӣ, ба истиснои озмоишгоҳҳо ва мақомоти сертификатсионии соҳаи баҳодиҳии мутобиқат, аккредитатсия карда мешаванд. Тартиби гузаронидани аккредитатсияи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои соҳаи тандурустиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2013, № 1057
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 17 октябри соли 2013, № 1300
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» -ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2013, № 612
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 7.01.2014 №: 5 Мутолиа карданд: 1752