қонунҳои ҶТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ЭНЕРГЕТИКА»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000 «Дар бораи энергетика» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2000, №11, мод.504; с. 2005, №12, мод.633; с.2007, №6, мод.436; №7, мод.672; с.2009, №9-10, мод.549; с.2011, №6, мод.440, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013, №998) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми якуми моддаи 5 калимаҳои «иҷозатдиҳӣ (литсензиякунонӣ)» ба калимаи «иҷозатномадиҳӣ» иваз карда шаванд.
2. Дар ном ва матни моддаи 6 калимаҳои «Ваколати», «Ваколатҳои» ва «ваколатҳое» мувофиқан ба калимаҳои «Салоҳияти», «Салоҳиятҳои» ва «салоҳиятҳое» иваз карда шаванд.
3. Дар қисми якуми моддаи 14 калимаҳои «сармояи хориҷӣ» ба калимаҳои «сармояи ватанӣ ва хориҷӣ» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 15:
- дар қисми дуюм баъд аз калимаҳои «тарифҳои дигарро» калимаҳои «, ба истиснои нархҳо ва тарифҳои нерӯи барқ ва гармӣ» илова карда шаванд;
- қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Нархҳо ва тарифҳои нерӯи барқ ва гармӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдор аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.».
5. Ба қисми якуми моддаи 19 баъд аз калимаҳои «риоя шудани» калимаҳои «регламентҳои техникӣ ва» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2013, № 1054
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 5 декабри соли 2013, № 1374
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2013, № 609
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 7.01.2014 №: 5 Мутолиа карданд: 1651