қонунҳои ҶТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТУРИЗМ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1999 «Дар бораи туризм» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №9, мод. 228; с. 2005, №12, мод. 641; с.2009, №5, мод. 337; с.2012, №12, қ.1, мод. 1016) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 2 сархати бисту сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«-таъмини амнияти туристон - таъмини амнияти шахсии туристон, ҳимояи молу мулки онҳо, маҷмӯи тадбирҳо оид ба пешгирии истифодаи туризм бо мақсади муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва транзит ба давлатҳои сеюм, истисмори шаҳвонӣ, меҳнатӣ ва дигар намудҳои истисмори шаҳрвандон;».
2. Ба сархати сеюми қисми 2 моддаи 11 пас аз калимаи «ҳисобот» калимаҳои «, аз ҷумла дар хусуси баҳисобгирии дақиқи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштани туристони ба хориҷа рафтаро» илова карда шаванд.
3. Моддаи 171 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 171. Таъмини амнияти туристон
1. Таъмини амнияти туристони хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Тоҷикистон кафолат дода мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба туристон - шаҳрвандони Тоҷикистон, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қapop доранд, ҳимоя ва пуштибониро кафолат медиҳад.
2. Мақомоти корҳои хориҷӣ уҳдадоранд оид ба хатарҳои эҳтимолӣ, ки ба туристон дар давлати будубоши муваққатӣ таҳдид доранд, ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм маълумот диҳанд. Дар навбати худ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм уҳдадор аст туристон ва субъектони фаъолияти туристиро оид ба ин хатарҳои эҳтимолӣ хабардор намояд.
3. Субъекти фаъолияти туристӣ се рӯз пеш аз оғози саёҳат (тур) ба туристон дар шакли хаттӣ маълумоти заруриро дар бораи тартиби ворид гаштан, берун рафтан ва истиқомат дар давлати (ҷои) будубоши муваққатӣ, дар бораи қонунгузорӣ, анъанаҳои мардуми маҳаллӣ, маросимҳои динӣ, муқаддасот, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, объектҳои табиӣ ва дигар объектҳои намоишҳои туристии таҳти назорати махсус қapopдошта, пешниҳод менамоянд. Субъекти мазкур ҳамчунин ба туристон оид ба хатарҳое, ки мумкин аст дар вақти саёҳат (тур) ба онҳо дучор гарданд, иттилоъ медиҳад ва тадбирҳои огоҳкунандаро, ки ба таъмини амнияти туристон равона шуда бошанд, татбиқ менамояд. Субъекти фаъолияти туристӣ маълумотро дар бораи туристоне, ки аз хориҷа барнагаштаанд, дар муҳлати се рӯз баъд аз ба охир расидани саёҳат (тур) ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм пешниҳод менамояд.
4. Субъекти фаъолияти туристӣ оид ба ҳодисаи фавқулодае, ки бо турист дар вақти саёҳат (тур) рух додааст, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода, мақомоти корҳои хориҷӣ ва оилаи туристро фавран огоҳ менамояд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2013, № 1058
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 23 октябри соли 2013, № 1318
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» -ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2013, № 613
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 7.01.2014 №: 5 Мутолиа карданд: 2492