logo

туризм

БАЛҶУВОН. ТУРИЗМ, ИМКОНОТ ВА МУШКИЛОТИ ОН

Балҷувон дар миқёси Осиёи Марказӣ аз ҷумлаи қадимтарин сарзаминҳост.
Дар ноҳия ёдгориҳои таърихие, монанди Қалъаи Мир (асрҳои XVI – XIX), Қалъаи Тубхонӣ (асрҳои 1-и пеш аз милод), Қалъаи Чорбоғ  (асри миёна), Қалъаи Дектур (асри XVIII – XIX), Ҳазрати шоҳи Аккоша, Искандар, Хинчи Парвоз, Санги сабз, Соҳиб Шоҳбақои Туморӣ, Саид Минҳоҷи Марди Валӣ, Шоҳ Неъматуллои Заробӣ, Хоҷа Қутбиддин ва манзараҳои табиии шаршараи Пушти Боғи Камолӣ, Сафедов, обҳои шифобахши «Гӯгирд», «Қалъчак», «Булғурӣ», «Шулук», чашмаи «Касхо», «Хибил», дарахти азимҷуссаи «Шинг» дар деҳаи Шингдара ва чанори ҷувоздор дар деҳаи Даштарҳо мавҷуданд.
Дар асоси таҳлилу омӯзишҳои ҳамаҷониба  «Барномаи рушди ноҳияи Балҷувон ба сифати минтақаи туризми байналмилалӣ барои солҳои 2002-2012»  таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми июли соли 2002 таҳти рақами 276 тасдиқ шуд. Бо мақсади ошноӣ бо рафти иҷрои барномаи мазкур ба ин ноҳияи дурдасти кӯҳистон сафар кардам.
Оғози сафар ба  ноҳия нек омад. Он рӯз бо иқдоми хайрхоҳонаи Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и ҷумҳурӣ ва супориши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури меҳмонони зиёд боз як меҳмонхонаи ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ, барои сайёҳони дохилию хориҷӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Меҳмонхонаи нави замонавӣ ба ташрифи бештари меҳмонони хориҷӣ ба ноҳия мусоидат мекунад.
- Дар асоси он бояд ноҳияро тавре ба минтақаи туризми байналмилалӣ омода созем, ки барои сайёҳони дохилию хориҷӣ тамоми шароитҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бошанд, - гуфт Шамсулло Аҳадов, мудири шуъбаи фарҳанг ва туризми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ба пурсиши мо ва афзуд. - Дар сурати иҷрои пурраи барнома меҳмонони хориҷӣ аз тамошои ёдгориҳои таърихӣ, меҳмоннавозии мардуми диёри афсонавӣ бо рӯҳи болида ва як ҷаҳон таассуроти рангин бархурдор мегарданд. Баъди қабули барномаи мазкур стратегияи рушди ноҳия муайян гардид. Дар шаҳри Душанбе намояндагии туристии ноҳияи Балҷувон таъсис ёфт. Мавқеи ҷуғрофии ноҳия тақозо дорад, ки дар навбати аввал якчанд меҳмонхонаҳои замонавии ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ сохта шаванд. Таъмини неруи барқи доимӣ, алоқа, шабакаҳои моҳворавии телевизионӣ дар ҳамаи меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар мавзеъҳои сайру сайёҳати сайёҳон ҳатмӣ мебошанд. Тибқи барномаи мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 октябри соли 2003-юм таҳти рақами 475 Боғи табиии Сари Хосор таъсис дода шуд, вале барои афзун намудани захираҳои биологӣ ва ташаккули инфрасохторҳо дар ҳудуди ин боғ маблағгузорӣ мувофиқи мақсад нест.  Сохторҳои давлатӣ, вазорату идораҳои мутасаддӣ, ширкатҳои туристии кишвар, ҷиҳати иҷрои бандҳои барномаи қабулгардида фориғболӣ менамоянд. Ба сабаби нокифоя будани корҳои тарғиботӣ оид ба рушди ҷаҳонгардӣ дар минтақаи Балҷувон, ташрифи гурӯҳҳои сайёҳии хориҷӣ кам ба чашм мерасанд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ, ҳамагӣ 36 нафар сайёҳони хориҷӣ ба ин минтақа омадаанд. Бояд тазаккур дод, ки сатҳ ва сифати татбиқи барнома қаноатбахш нест.
Яке аз сабабҳои амалӣ нашудани талаботи он пешбинӣ нагаштани маблағҳои зарурӣ дар буҷети вазорату идораҳо мебошад, зеро як миқдори  маблағи барнома агар аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шуда бошад,  қисми дигар аз ҳисоби ҷалби сармоя ва маблағҳои ғайри буҷетӣ  аст.
Ин ҳолат ба он оварда расонид, ки барномаҳои рушди ноҳияи Балҷувон ва минтақаи ҷаҳонгардии байналмилалӣ нопурра ва дар бештари ҳолатҳо умуман иҷро нашуданд.
Мудири шуъбаи фарҳанг ва туризми ноҳия Шамсулло Аҳадов мушкили ҷалби бештари сайёҳони хориҷиро шарҳ дода, аз ҷумла афзуд, ки пеш аз ҳама тарғиби мероси таърихӣ – фарҳангӣ тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет ва дигар воситаҳои иттилоотиву рекламавӣ зарур аст. Илова намуд, ки дар Федератсияи Русия, чандин марказҳои фарҳангии тоҷикон амал мекунанд. Хуб мешуд, ки ин марказҳоро барои ҷалби сайёҳони рус  ба кишвари офтобрӯяамон истифода барем. Ширкатҳои сайёҳии ҷумҳуриявиро лозим меояд, ки маводи ҷаҳонгардӣ - буклету варақаҳои тарғиботиро ба ин марказҳо ва сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар хориҷа паҳн кунанд.
«Айни замон сомонаи расмии ноҳия дар шабакаи интернет таъсис дода шудааст. Инчунин як қатор филмҳои мустанади телевизионӣ, аз ҷумла «Аз субҳ то шоми Балҷувон», «Балҷувон дар давраи Ориён», «Шакл» ва ғайраро шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ таҳия намудаанд, ки онҳо мунтазам намоиш дода мешаванд», - гуфт Шамсулло Аҳадов.
Зимни сафар мушоҳида намудем, ки аз рӯи имкониятҳои молиявӣ маводи тарғиботӣ оид ба таъриху табиати ноҳия омода  ва пешкаши ширкатҳои туристӣ гардонида шудаанд. Экспедитсияи илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар мавзеъҳои таърихӣ ҳафриётҳои бостоншиносӣ гузаронида истодаанд. Алҳол ҳафриёт барои омӯзиши ёдгориҳои таърихии ин сарзамини бостонӣ ба эҳтимоми олимаи рус, доктори илмҳои таърих Дубова Надежда Алексеева ва мудири шуъбаи бостоншиносии Институти таърих ва бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон Филимонова Татяна Германовна идома дорад. Бозёфтҳое, ки то ба имрӯз ин олимон кашф намудаанд, мутааллиқ ба асри 5 мебошанд.
Мутаассифона, сохтмони роҳи автомобилгарди Балҷувон – Сари Хосор, ки фармоишгарон вазоратҳои нақлиёт, молия, иқтисод ва савдо  мебошанд, кашол меёбад. Корҳои сохтмонӣ, ки соли 2011 дар Қалъаи таърихии Балҷувон оғоз шуда буд, ба талабот ҷавобгӯ нест.
Дар ин давра мушкилоти таъминоти аҳолӣ бо неруи барқ то андозае рафъ гардидааст.
Вале кор дар самти таъсиси парваришгоҳҳои ҷангал, мамнӯъгоҳҳои табиӣ барои парвариш, ҷамъоварӣ ва нигаҳдории навъҳои нодири олами набототу ҳайвонот, ки ба зиммаи Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикор, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Академияи илмҳост, ғайриқаноатбахш аст.
Панҷ бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои Шаҳидон, Пештова, Мулоконӣ, Дашти Майдон ва Боғи Зоғон бунёд гаштааст. Боғи табиии Сари Хосор дар ҳайати Боғи миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Масоҳати он 3 805 гектар мебошад. Сохтмони бинои маъмурии ин боғ соли 2006 оғоз гардида, ҳоло идома дорад. Оромгоҳи Хоҷа Қутбиддин бо кумаки Вазорати фарҳанг, мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон барқарор карда шуд. Амнияти сайёҳони хориҷӣ дар давраи сукунаташон дар ноҳияи Балҷувон, зери назорат қарор дошта, таъмин мешавад.
Таъкид ба ёдоварист, ки то ба ҳанӯз майдони ҳавоии деҳаи Шаҳидони ноҳияи Балҷувон аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор нагардидааст. Дар ин марҳила фаъолияти ҳамаи вазорату идораҳои мутасаддӣ, бахшҳои хусусӣ, ширкатҳои туристӣ оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми ноябри соли 2001 таҳти рақами 498 нокифоя ва ғайриқаноатбахш мебошад. Аз рӯзи ба тасвиб расидани қарори мазкур 12 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, то ба имрӯз дар ноҳияи Балҷувон ягон иншооти ҷаҳонгардӣ вуҷуд надорад.
Ширкатҳои туристие, ки ба сохтмони инфрасохторҳои ҷаҳонгардӣ дар кишвар машғуланд, бояд то анҷоми корҳои сохтмонӣ, аз супоридани андоз озод бошанд ё ин ки онҳо аз имтиёзи гирифтани қарзҳои дарозмуддати бефоиз аз бонкҳо бархурдор гарданд. Мушкилоти соҳаро ба назар гирифта, дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии миллии оид ба соҳаи туризм таъсис дода шавад, то масъалаҳои печидаи соҳа ҳалли худро ёбанд. Дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон, барои истироҳати сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ дар шафати роҳҳои автомобилгард хонаҳои алоҳидаи махсус бо шароити зарурии зист сохта шаванд.  Кадрҳои болаёқати сатҳи байналмилалӣ дар соҳаи туризм дар хориҷи кишвар омӯзонда шаванд. Инчунин, таҷрибаи бои давлатҳои пешрафтаи дунёро дар бахши туризми экологӣ бояд омӯхт. Маҳали зистро бо парвариши гулу дарахтон тавре ороиш додан лозим аст, ки сайёҳонро мафтун созад. Ба ҷои нақлиёте, ки бо сӯзишворӣ мегардад, аз нақлиёти аз лиҳози экологӣ тоза, мисли велосипед, электромобил, фойтун истифода бояд бурд. Барои гарм кардани об дар меҳмонхонаҳо, аз обгармкунакҳои офтобӣ ё гази биологӣ истифода бурдан лозим аст.
Дар сафар ба ин ноҳияи дурдасти кӯҳистон, аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, дар соҳили дарёи Сурхоб ошноӣ пайдо намудам.
Маълум шуд, ки биноҳои маъмурӣ, фарҳангӣ, хизматрасонӣ, меҳмонхонаҳо, ҷойҳои истироҳат, биноҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар назди соҳили тезҷараёни рӯдхонаи Сурхоб сохта шудаанд ва ё бунёд мегарданд, ҳангоми зиёд шудани хаҷми оби дарё, рахна шудани соҳил аз эҳтимол дур нест. Сохтмони ин гуна иншооти пурқимат дар мавзеи ҳозираашон мувофиқи мақсад нест. Мегӯянд, ки илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд. Ба Ҳукумати ҷумҳурӣ,  вазорату идораҳои ба ин кор мутасаддӣ пешниҳод мешавад, ки аз ҳисоби захираҳо ва буҷетҳои дохилию сармояи хориҷӣ, корҳои соҳилбандии канори чапи дарёи Сурхобро зудтар ба анҷом расонида, пеши роҳи офатҳои табиӣ гирифта шаванд, то ин ки ташрифи сайёҳон ба ин ноҳияи зебоманзари кӯҳистон маҳдуд нагардад.

Холназар КАСИРОВ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.01.2014    №: 6    Мутолиа карданд: 2385
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед