қонунҳои ҶТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ»
Моддаи 1. Ба қисми 1 моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 «Дар бораи хизмати давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2007, №3, мод.166; №6, мод.429; с.2010, №3, мод.158; с.2011, №6, мод.452; с.2012, №8, мод.834; №12, қ.1, мод.1008; с.2013, №7, мод.542) сархати шашум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«-Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи он;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2013, № 1061
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 10 октябри соли 2013, № 1284
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2013, № 616
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.01.2014 №: 6 Мутолиа карданд: 1638