logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИЛМ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ИЛМУ ТЕХНИКА»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №10, мод.94; с.2004, №5,  мод.336;  с.2007,  №7,  мод.697;   с.2008,  №12,  қ.2,  мод.1011;  с. 2013,  №7, мод. 535) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 2:
- дар сархати даҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархатҳои ёздаҳум, дувоздаҳум ва сездаҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«- Кодекси намунавии одоби илмӣ – маҷмӯи муназзами қоидаву меъёрҳои рафтор, ақидаву принсипҳои ахлоқии ташкили фаъолияти  илмӣ ва илмию техникӣ, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ  танзим менамояд;
- одоби илмӣ – меъёру қоидаҳои ахлоқии аз ҷониби ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ муқаррар ва эътирофшудаи корманди илмӣ (муҳаққиқ);     
- рафтори ношоями илмӣ – амали ношоистаи корманди илмӣ, ҳамчун сохтакории маълумот, қасдан таҳриф кардани ҳақиқат, азхудкунии муаллифӣ (асардуздӣ), инчунин харидан ва фурӯхтани таҳқиқоти илмӣ (рисолаҳои илмӣ, лоиҳаҳои дипломӣ, хатмкунӣ ва курсӣ) бо мақсади минбаъд дифои ошкорои он аз номи худ.».
2. Боби 31  бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«БОБИ  31. АСОСҲОИ АХЛОҚИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ
Моддаи 101. Принсипҳои ахлоқии фаъолияти илмӣ
Принсипҳои ахлоқии фаъолияти илмие, ки дар ҷараёни таҳқиқот аз ҷониби давлат дастгирӣ карда мешаванд, инҳоянд:
- қобили қабул будани танқид ва мубоҳиса, муносибати боэҳтиромона нисбат ба муноқиз (оппонент), роҳбари илмӣ ва унвонҷӯ;
- арзёбии ҳақиқати ақидаҳои илмӣ новобаста ба синну сол, ҷинс, нажод ва нуфузу унвонҳои корманди илмии ин ақидаҳоро асосноккунанда;
- дастоварди умумӣ эътироф шудани натиҷаҳои илмӣ ва илмию техникӣ;
- беғаразии фаъолияти корманди илмӣ;
- ошкоро будани таҳлили танқидии таҳқиқот.
 Моддаи 102. Меъёрҳои ахлоқии танзимкунандаи фаъолияти илмӣ
Меъёрҳои ахлоқии зерин бояд дар ҷараёни гузаронидани таҳқиқоти илмӣ риоя  шаванд:
- озодии академӣ ҳангоми гузаронидани таҳқиқоти илмӣ;
- риояи аниқи  қоидаҳои ба даст овардан ва интихоб намудани маълумоте, ки дар фанни мушаххаси илмӣ истифода мешаванд;
- ташкили низоми боэътимоди ҳимоя ва нигоҳдории маълумоти аввалия;
- ҳуҷҷатгузории аниқ ва пурраи ҳама натиҷаҳои муҳими илмӣ;
- ошкоро будани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ барои арзёбии танқидӣ;
- роҳ надодан ба рафтори ношоями илмӣ;
- таваҷҷӯҳ ба навоварӣ дар фаъолияти илмӣ;
- мусоидат намудан ба рушди илмии кормандони ҷавон (муҳаққиқон);
- паҳн накардани натиҷаҳои илмие, ки бо шарти риояи махфият ба даст оварда шудаанд;
- муқовимат намудан ба худкомагӣ дар илм;
- худдорӣ аз усулҳои фишороварӣ ба муноқизи илмӣ;
- нашри ҳатмии натиҷаи корҳое, ки аз ҳисоби маблағгузории давлатӣ иҷро мешаванд, ба истиснои натиҷаи корҳое, ки мӯҳри махфият  доранд;
- эътирофи ҳатмии хатоҳои илмии худ, ки дар нашрияҳои пешина роҳ дода шудаанд.
Моддаи 103. Муқаррароти асосии Кодекси намунавии одоби илмӣ
1. Ташкилотҳои (муассисаҳои) илмӣ ӯҳдадоранд дар фаъолияти касбии худ принсипу меъёрҳои ахлоқии фаъолияти илмиро риоя намоянд.
2. Ташкили фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ ба муқаррароти Кодекси намунавии одоби илмӣ, ки асосҳои ахлоқии рафторро дар ҷараёни фаъолияти илмӣ муайян мекунад, асос меёбад.
3. Таҳия ва тасдиқи Кодекси намунавии одоби илмӣ аз тарафи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
4. Кодекси намунавии одоби илмӣ метавонад ӯҳдадориҳои ахлоқии зерини корманди илмиро дар фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ дар бар гирад:
 - масъулияти шаҳрвандӣ ва ахлоқии корманди илмӣ (муҳаққиқ) барои оқибатҳои иҷтимоӣ ва экологии дар амал татбиқ намудани кашфиёти худ;
- огоҳонидани ҷомеа дар хусуси эҳтимолияти бар зарари инсоният истифода бурдани кашфиёти илмӣ;
- шахсан масъул будан барои сифати мӯътамади иттилоот ва маҳсули фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;
- масъулияти ахлоқӣ барои тарбия намудани насли ҷавони кормандони илмӣ дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва софдилии илмӣ;
- вобаста набудани ҳақиқати илмӣ ба ғаразу манфиатҳои шахсии корманди илмӣ;
- эътироф намудани хатоҳои илмии худ бо мақсади дубора анҷом надодани таҳқиқоти такрории нолозиме, ки хароҷоти иловагиро талаб мекунад;
- софдилӣ, хоксорӣ ва хушмуомилагии илмӣ;
- роҳ надодан ба азхудкунии муаллифӣ (асардуздӣ);
- ҳифз намудани ақидаҳои худ, новобаста ба ҳар гуна нуфузу вазъ.
5. Ташкилотҳои (муассисаҳои) илмӣ Кодекси одоби илмиро вобаста ба соҳаи худ ва хусусиятҳои таҳқиқоти илмии анҷомдодашаванда таҳия ва тасдиқ менамоянд.
Моддаи 104. Масъулияти иҷтимоии корманди илмӣ (муҳаққиқ)
1. Корманди илмӣ (муҳаққиқ) ғайр аз масъулияти фардӣ дар раванди фаъолияти илмӣ масъулияти иҷтимоӣ дорад, ки ба донишу имконияти техникӣ ва робитаҳои байналмилалии ӯ вобаста аст.
2. Корманди илмӣ (муҳаққиқ) ӯҳдадор аст иттилооти софдилона ва кушодро оид ба ҳолатҳои  зерин паҳн кунад:
- оқибатҳои истифодаи аслиҳаи муосир;
- хатарҳо дар соҳаи захираҳо барои рушди минбаъда;
- оқибатҳои экологии рушди саноат ва соҳаи кишоварзӣ;
- шаҳришавӣ ва ғайрисаноатикунонӣ;
- терроризм ва ғайра.
3. Фаъолияти иҷтимоию сиёсии корманди илмӣ (муҳаққиқ) бояд ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи инсондӯстӣ, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ, ҳифзи сулҳу субот, тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирӣ намудани ҳама гуна шаклҳои табъиз равона карда шавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2013, № 1060


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни 
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ
оид ба илму техника»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон     Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 26 ноябри соли 2013, № 1363

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни 
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати
давлатӣ оид ба илму техника»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2013, № 615
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.01.2014    №: 6    Мутолиа карданд: 2044
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед