logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН, ВИЛОЯТ, ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ШАҲР ВА НОҲИЯ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №23, мод. 348;   с. 2008, №12, қ. 2, мод. 995; с. 2013, №7, мод. 541) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Ба Қонун муқаддима бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Қонуни мазкур ҳуқуқу ӯҳдадориҳо, фаъолият ва кафолатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро муайян менамояд.».
3. Ба Қонун пеш аз моддаи 1 калимаҳои «БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ» илова карда шаванд.
4. Дар моддаи 1:
- дар қисми якум калимаҳои «(минбаъд вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ)» ба калимаҳои «(минбаъд - вакили Маҷлиси вакилони халқ)» иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои «вакилони халқи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ» ва «тараққиёти» мутобиқан ба калимаҳои «вакилони халқ» ва «рушди» иваз карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаҳои «вакилони халқи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ» ба калимаҳои «вакилони халқ» иваз карда шуда, ба он баъд аз калимаи «Конститутсияи» калимаи «(Сарқонуни)» илова карда шавад.
5. Дар моддаи 3:
- дар қисми дуюм калимаҳои «ҳамин Қонун» ба калимаҳои «Қонуни мазкур» иваз карда шаванд;
- дар қисми чорум калимаҳои «ваколатҳои баъзе вакилонро» ва «ҳавзаҳои» мутобиқан ба калимаҳои «ваколатҳои вакили алоҳидаро» ва «ҳавзаи» иваз карда шаванд.
6. Дар моддаи 4:
- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 4. Амалӣ намудани ваколатҳо зимни фаъолияти истеҳсолӣ ё хизматӣ»;
- дар қисми якум калимаҳои «вакилони халқи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ» ба калимаҳои «вакилони халқ» иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаи «қонун» ба калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад.
7. Ба Қонун баъд аз моддаи 4 калимаҳои «БОБИ 2. ТАРТИБИ ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ» илова карда шаванд.
8. Дар моддаи 5:
- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 5. Фаъолияти вакил дар Маҷлиси вакилони халқ»;
- дар қисми якум калимаҳои «вакилони халқи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ» ба калимаҳои «вакилони халқ» иваз карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаҳои «кори ӯ» ва «оиди» мутобиқан ба калимаҳои «фаъолияташ» ва «оид ба» иваз карда шаванд.
9. Моддаи 6 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 6. Робитаи вакили Маҷлиси вакилони халқ бо интихобкунандагон, ҳизбҳои сиёсӣ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ бо интихобкунандагон, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки ӯро номзад ба вакилӣ пешбарӣ кардаанд, робита менамояд, ба онҳо дар бораи фаъолияти Маҷлиси вакилони халқ, иҷрои нақшаҳо ва барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии маҳал маълумот медиҳад, дар ташкил ва назорати иҷрои қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ иштирок менамояд, афкори ҷомеа, талаботу эҳтиёҷоти аҳолиро омӯхта, аз рӯи онҳо ба Маҷлиси вакилони халқ ва ташкилотҳои дахлдор таклифҳои зарурӣ пешниҳод мекунад.».
10. Дар моддаи 7:
- дар қисми якум:
- дар сархати ҳафтум калимаҳои «шудани ӯ ба» ба калимаҳои «шудан ба вазифа ё ишғоли» иваз карда шаванд;
- сархати ҳаштум хориҷ карда шавад;
- дар сархати нуҳум калимаҳои «унвони олии вакилро» ба калимаҳои «номи вакилро» иваз карда шаванд;
- дар сархати даҳум калимаҳои «вакили», «вай» ва  «нарасида» мутобиқан ба калимаҳои «ба»,  «вакил» ва «ворид нашуда» иваз карда шаванд;
- дар сархати ёздаҳум калимаҳои «худ аз худ пароканда» ба калимаи «худпароканда» иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм:
- дар матни қисм калимаҳои «Маҷлиси миллӣ» ба калимаҳои «Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
- дар сархати якум калимаи «Конституция» ба калимаҳои «талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
- сархати чорум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«- ҳангоми таъсис ва барҳам додани воҳидҳои марзиву маъмурии дахлдор.».
11. Дар моддаи 8:
- дар қисми якум калимаҳои «дастҷамъӣ, баробарҳуқуқ» ва «Конституция (Сарқонун), қонунҳои конституционӣ ва қонунҳои» мувофиқан ба калимаҳои «дастаҷамъӣ» ва «Конститутсия (Сарқонун) ва дигар санадҳои қонунгузории» иваз карда шаванд;
- ба қисми дуюм баъд аз калимаҳои «вакил дар» калимаи «кори» илова карда шуда, дар он калимаи «намудааст» ба калимаи «менамояд» иваз карда шавад.
12. Дар моддаи 9:
- дар қисми дуюм:
- дар сархати сеюм калимаи «оиди» ба калимаҳои «оид ба» иваз карда шавад;
- сархати панҷум дар таҳрири зайл ифода карда шавад: 
«- оид ба шунидани ҳисобот ё маълумоти мақомоти тобеъ ё шахсони мансабдор дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ таклифҳо пешниҳод намояд.»;
- қисми чорум хориҷ карда шавад. 
13. Дар моддаи 10:
- дар қисми дуюм калимаи «гурӯҳҳо» ба калимаҳои «гурӯҳи вакилон дар Маҷлиси дахлдор» иваз карда шавад;
- дар қисми сеюм калимаҳои «дохил ва» ба калимаҳои «дохил шуда,» иваз карда шаванд;
- ба қисми чорум баъд аз калимаи «Маҷлиси» калимаҳои «вакилони халқи» илова карда шуда, калимаи «навишта,» ба калимаҳои «пешниҳод ва» иваз карда шавад.
14. Дар моддаи 11:
- дар номи модда калимаи «вакил» ба калимаи «вакилӣ» иваз карда шавад;
- қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад: 
«Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳуқуқ дорад ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои онҳо, ташкилотҳои дар ҳудуди воҳиди марзиву маъмурии дахлдор воқеъбуда новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Маҷлиси вакилони халқ тааллуқ доранд, муроҷиат намояд.»;
- дар қисми сеюм калимаҳои «нигаронида шудааст» ва «ҳақ» мутобиқан ба калимаҳои «дахл дорад» ва «ҳуқуқ» иваз карда шаванд.
15. Дар моддаи 12:
- дар қисми якум калимаи «иҷлосия» ба калимаҳои «иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ» иваз карда шавад;
- ба қисми дуюм пас аз калимаҳои «Мақомоти давлатӣ» калимаи         «, ташкилотҳо» илова карда шуда, калимаҳои «вазифадоранд» ва «халқ» мутобиқан ба калимаҳои «ӯҳдадоранд» ва «халқи дахлдор» иваз карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаи «оиди» ба калимаҳои «оид ба» иваз карда шавад.
16. Дар моддаи 13:
- дар номи модда калимаҳои «Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ» ба калимаҳои «Маҷлиси вакилони халқ» иваз карда шаванд;
- дар қисми якум калимаи «ташкили» ба калимаҳои «ташкил ва назорати» иваз карда шуда, калимаҳои «, дар назорат ба иҷрои онҳо» хориҷ карда шаванд; 
- дар қисми дуюм калимаҳои «аз он хаттӣ» ба калимаҳои «дар ин хусус ба таври хаттӣ» иваз карда шаванд.
17. Дар моддаи 14:
- дар номи модда калимаҳои «вазифаҳои» ва «интихобот» мутобиқан ба калимаҳои «ӯҳдадориҳои» ва «интихоботӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми якум:
- дар сархати якум калимаи «диҳад» ба калимаи «диҳанд» иваз карда шавад;
- дар сархати дуюм калимаҳои «худидораи шаҳрвандон маҷлисҳо», «аҳзоби» ва «маҷлисҳои мақомоти худидораи» мутобиқан ба калимаҳои «худфаъолияти ҷамъиятӣ ҷаласаҳо», «хизбҳои» ва «ҷаласаҳои мақомоти худфаъолияти» иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои «Вакили халқ ҳуқуқи бештар дорад, ки» ва «оммавӣ» мутобиқан ба калимаҳои «Вакил дорои ҳуқуқи афзалиятнок буда, метавонад» ва «омма»  иваз карда шаванд;
- дар қисми сеюм:
- матни қисм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Вакил ӯҳдадор аст:»;
- дар сархати якум калимаҳои «кори», «тараққии» ва «хабар» мутобиқан ба калимаҳои «фаъолияти», «рушди» ва «ахборот» иваз карда шаванд;
- сархати дуюм хориҷ карда шавад;
- дар сархати сеюм калимаҳои «ҷамъият,» ва «корхонаю муассисаҳо» мутобиқан ба калимаҳои «ҷамъиятӣ ва» ва «ташкилотҳо» иваз карда шаванд;
- дар қисми чорум калимаҳои «бор» ва «кори» мутобиқан ба калимаҳои «маротиба» ва «фаъолияти» иваз карда шаванд;
- дар қисми панҷум калимаҳои «вазифаҳое», «ҳамин қонун» ва «қонунгузорӣ» мутобиқан ба калимаҳои «ӯҳдадориҳое», «Қонуни мазкур» ва «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
18. Дар моддаи 15:
- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 15. Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон аз тарафи вакили Маҷлиси вакилони халқ»;
- дар қисми якум калимаи «қонунгузорӣ» ба калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шуда, аз он калимаҳои «корхонаю муассиса,» хориҷ карда шаванд;
- аз қисми дуюм калимаҳои «, корхонаю муассиса» хориҷ карда шуда, калимаҳои «интихобии ҳокимият» ба калимаҳои «намояндагии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаҳои «ҳақ» ва «корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо вазифадоранд» мутобиқан ба калимаҳои «ҳуқуқ» ва «ташкилотҳо ӯҳдадоранд» иваз карда шаванд.
19. Дар моддаи 16:
- дар қисми якум калимаҳои «, муассисаҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, вазифадоранд» ба калимаи «ӯҳдадоранд» иваз карда шаванд;
- аз қисми дуюм калимаҳои «корхонаҳо, муассисаҳо,» хориҷ карда шуда, калимаҳои «вакили халқ» ва «боз ёрии дигар мерасонанд» ба калимаҳои «вакил» ва «дигар вазифаҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мекунанд» иваз карда шаванд;
- қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад: 
«Дар сурати ба инобат нагирифтани дархост ва пешниҳоди вакил шахсони мансабдори ба ин кор роҳдода бо пешниҳоди раиси Маҷлиси вакилони халқи дахлдор мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
20. Моддаи 17 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 17. Ҳуқуқи вакили Маҷлиси вакилони халқ барои қабул аз тарафи шахсони мансабдор
Вакили Маҷлиси вакилони халқи дахлдор барои қабул аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои дар ҳудуди воҳиди марзиву маъмурии дахлдор воқеъбуда аз рӯи масъалаҳои фаъолияти вакилӣ ҳуқуқ дорад. Ӯ инчунин ҳуқуқ дорад бо нишон додани шаҳодатномаи вакилӣ дар ҳудуди воҳиди марзиву маъмурии дахлдор ба мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо бемамониат ворид шавад.
Тартиби ворид шудани вакил ба ҳудуди ташкилотҳое, ки фаъолияташон бо сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда алоқаманд аст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.».
21. Дар моддаи 18:
- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 18. Ӯҳдадориҳои шахсони мансабдор оид ба баррасии муроҷиати вакили Маҷлиси вакилони халқ»;
- дар қисми якум:
- дар ҷумлаи якум калимаҳои «ҳақ», «худидораи шаҳрвандон» ва «корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият» мутобиқан ба калимаҳои «ҳуқуқ», «худфаъолияти ҷамъиятӣ» ва «ташкилотҳо» иваз карда шаванд;
- ҷумлаи дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Шахсони мансабдор ӯҳдадоранд, ки ба муроҷиати вакилон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоби хаттӣ диҳанд.»;
- дар қисми сеюм калимаҳои «халқи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳақ» ба калимаҳои «халқ ҳуқуқ» иваз карда шаванд.
22. Моддаи 19 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 19. Ҳуқуқи вакил барои дастрас намудани иттилоот
Вакил барои дастрас намудани ҳуҷҷатҳои қабулкардаи Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ, маводи иттилоотӣ ва маълумотӣ ҳуқуқ дорад. Вакил ҳуқуқ надорад маълумоти дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро, ки бинобар иҷрои ваколатҳояш ба ӯ маълум шудааст, ба манфиати худ, шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ истифода намояд.».
23. Ба Қонун баъд аз моддаи 19 калимаҳои «БОБИ 3. КАФОЛАТҲОИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ» илова карда шаванд.
24. Дар моддаи 20:
- дар қисми дуюм калимаҳои «ба қабул» ва «қонун ба ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноӣ» мутобиқан ба калимаҳои «барои қабул» ва «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ» иваз карда шуда, аз он калимаҳои «дигар хел» хориҷ карда шаванд; 
- аз қисми сеюм калимаҳои «, корхонаю муассиса» хориҷ карда шаванд.
25. Дар ном ва матни моддаи 25 калимаи «пулакӣ» ба калимаи «пардохтшаванда» иваз карда шавад. 
26. Дар моддаи 27:
- дар қисми якум калимаҳои «Вакили халқ» ва «вакил» мутобиқан ба калимаҳои «Вакили Маҷлиси вакилони халқ» ва «вакилӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаи «Низомномаи» ба калимаҳои «Низомнома дар бораи» иваз карда шаванд.  
27. Ба Қонун баъд аз моддаи 27 калимаҳои «БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2013, № 1062


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили
Маҷлиси вакилони халқи  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят,  шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон     Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 17 октябри соли 2013, № 1306


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили
Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2013, № 617


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.01.2014    №: 6    Мутолиа карданд: 1995
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед