logo

маориф

МАКТАБҲОИ САНЪАТ ВА МУСИҚӢ ДАР ЧӢ ҲОЛАНД?

Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанг имрӯз дар кишвар 86 мактаби бачагонаи санъат ва мусиқӣ фаъолият доранд, ки  дар ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳиянд. Таҳсил дар ин муассисаҳо ройгон ва ихтиёрист. Зимнан бояд ёдовар шуд, ки мавҷудияти чунин мактабҳо зарур аст. Он барои кӯдакону наврасон  маркази эҷодиву инкишоф ба шумор меравад. Яъне кӯдакону наврасон имкон пайдо мекунанд, ки баъди дарс вақти худро на дар кӯча, балки дар чунин марказҳо ба омӯзиши ҳунар сарф кунанд. Барои рушди бештари муассисаҳои фарҳангии кишвар соли 2007 «Барномаи рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» қабул гардид. Қабули барнома дар фаъолият ва пешрафти мактабҳои санъат ва мусиқии навоҳии кишвар чӣ таконе бахшид? Вазъи ин мактабҳо  чӣ гуна аст? Оё талаботи наврасонро қонеъ мекунад? Бо чунин савол ба шуъбаҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар муроҷат намудем.
    
Суғд: баъзе аз мактабҳои санъат ва мусиқӣ бинои асосӣ надоранд
Бино ба маълумоти О. Юсуфов, директори Маркази илмӣ – методии раёсати фарҳанги вилояти Суғд, дар вилоят 29 мактаби санъат ва мусиқии бачагона фаъолият дорад. Дар доираи нақша - чорабиниҳои «Барномаи рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» аз ҷониби баъзе мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои таъмиру ҷиҳозонидани муассисаҳо маблағи зарурӣ ҷудо гардид. Аз ҷумла дар шаҳри Конибодом мактаби санъати бачагона, дар ноҳияи Ашт ва  шаҳри Хуҷанд мактаби рассомии бачагона аз нав сохта ба истифода дода шуданд. Аммо  бо вуҷуди ин дар фаъолияти муассисаҳо камбудиҳо зиёданд. Бисёр муассисаҳои таълимии фарҳангӣ ҳанӯз  ба таъмири асосӣ ниёз доранд. Асбобҳои мусиқии миллӣ ва аврупоӣ, мизу курсӣ, воситаву таҷҳизоти техникӣ, асбобҳои аёнии таълимӣ намерасанд. Баъзе мактабҳо ҳатто бинои асосии таълимӣ надоранд.                 
                                                                                   
Хатлон: бештари биноҳо таъмир шудаанд, аммо заминаи моддӣ-техникӣ ба талабот ҷавобгӯ нест                                                                    
Дар вилояти Хатлон 28 мактаби  мусиқӣ ва як  коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбонов дар шаҳри Кӯлоб фаъолият мекунад. Айни замон сохтмони бинои нави  мактаби мусиқӣ ва санъат дар шаҳри Қӯрғонтеппа идома дорад. Барои сохтмон зиёда аз 30 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Барои сохтмони бинои нави қасри фарҳанг ва мактаби бачагонаи мусиқии ноҳияи Восеъ шашуним миллион сомонӣ ҷудо гардид. Соли 2013  мактабҳои бачагонаи санъат ва мусиқии шаҳри Қӯрғонтеппа, Норак, Фархор, Ҷиликӯл, Темурмалик, Қумсангир, Панҷ, Данғара, Балҷувон, Кӯлоб аз ҷониби  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъмиру тармим гардиданд. Аммо муассисаҳои таълимии фарҳанги ноҳияҳои Шаҳритус, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ховалинг, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Муъминобод, Ёвон, Сарбанд ҳанӯз таъмир талабанд. Дар ноҳияҳои Ҷиликӯл, Темурмалик, Бохтар, Восеъ синфхонаҳои таълимӣ намерасад.                                                                                                     
Мавриди зикр аст, ки  маблағи ҷудогардида барои таъмиру тармим  ҳанӯз кофӣ нест. Агар  барои мактаби санъат ва мусиқии ноҳияи Фархор 20 ҳазор ва мактаби расомии шаҳри Кӯлоб 4200 сомонӣ ҷудо шуда бошад, мактабҳои санъати ноҳияҳои Ҷилукӯл бо 5000, Норак 2500 , Панҷ 2000, Қумсангир 1800, Темурмалик 1100,  мактабҳои мусиқии шаҳри Кӯлоб 1000, Данғара 700, Балҷувон 400 сомонӣ таъмири  сатҳӣ  шудаанд. Аз суҳбат бо мутахассисони шуъбаи фарҳанг маълум шуд, ки дар ин давра барои харидани асбобҳои мусиқӣ маблағ ҷудо нагардидааст ва заминаи моддӣ-техникии муассисаҳо ҷавобгӯи талабот нест. Асбобҳои мусиқӣ намерасанд. Баъзе  асбобҳои мусиқӣ аз замони шӯравӣ боқӣ мондаанд ва ба таъмир ниёз доранд. Бинои таълимгоҳи  ноҳияи Вахш дар ҳолати садамавист.   
                                                                                                  
ВМКБ: танҳо мактаби санъат ва мусиқии Ванҷ таъмирталаб аст              
Бино ба маълумоти Муҳиддини Пайшанбе, мудири шуъбаи фарҳанги ВМКБ, ба кӯдакону наврасони  вилоят 7 мактаби бачагонаи санъат ва 3 мактаби мусиқӣ хизмат мерасонанд. Дар он шогирдон аз равияҳои гуногуни санъату мусиқӣ, аз ҷумла фортепиано, созҳои халқӣ, нафасӣ, баян – аккардеон, рақс, зебоипарастӣ, наққошӣ - кандакорӣ, рассомӣ, гулдӯзӣ, фалаксароӣ, гиторнавозӣ, этнография таълим мегиранд.     
Бо дастгирии Ҳукумати кишвар, Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят соли 2010 дар ноҳияи Дарвоз бинои наву замонавии қасри фарҳанг ва  мактаби санъат сохта, ба истифода дода шуд. Дар ноҳияи Рӯшон мактаби санъат ба бинои нави мактаб – интернат кӯчонда  шуд, ки дар натиҷа  шароити кории муассиса беҳтар гардид. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти   давлатии ноҳияи Шуғнон барои таъмири  мактаби санъати ноҳия  33 ҳазору 352 сомонӣ ҷудо намуд, ки дар натиҷа  он пурра  таъмир шуд. Аз ҳисоби маблағҳои Дирексияи  сохтмонии  назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ дар ноҳияи Роштқалъа бо маблағи 160 ҳазор сомонӣ мактаби нави санъат  сохта  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Барои  харидани асбобҳои мусиқӣ ба мактабҳои санъати вилоят 20  ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Дар тӯли 5 соли охир мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Хоруғ барои таъмири бинои мактаби санъат ва харидани асбобҳои мусиқӣ 20 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст. Ноҳияи Мурғоб барои таъмири  мактаби санъати Ронкул 5 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Дар ноҳияи Ванҷ бинои мактаби санъати ноҳия бар асари заминларза осеб  дида, дар ҳолати садамавӣ қарор   дорад. 
   
Ҳисор: боми мактаб таъмир шуд
Аз суҳбат бо сардори шуъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор Парвиз Пӯлодӣ маълум шуд, ки соли 2013 барои таъмиру тармими  мактаби бачагонаи санъати ба номи Саид Ҳамроеви ноҳия  наздики 59 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, боми он таъмир шуд.       
- Заминаи моддӣ - техникии мактаб муҳайёст, аммо бинои он ба талабот ҷавобгӯ нест, зеро он солҳои сиюми асри гузашта сохта шудааст, - гуфт Парвиз Пӯлодӣ.

Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.01.2014    №: 7    Мутолиа карданд: 1645
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед