logo

илм

НАХУСТИН АВИАКОНСТРУКТОРИ ТОҶИК

Очерк

Афсӯс, мо зиндабузургон нашиносем,
Он гоҳ шиносем, ки гӯянд куҷо шуд?

Фаррух Муҳаммадов ҳанӯз дар замони шӯравӣ ба иддаое, ки тоҷикон  ягон навъи техникаро ихтироъ карда наметавонанд, хати батлон кашид.
Оре, чунон талқинамон мекарданд дар он замони рукуд ва ба ҳар роҳу восита ба соҳибистеъдодҳои миллати тоҷик монеаҳо эҷод менамуданд, ба қавле онҳоро мешикастанд, то миллаташонро дар арсаи олам муаррифӣ карда натавонанд ё ба афкору ақидаи пурғарази ҳокимону мансабдорони вақт мутобиқ шаванд, фақат ба гуфтаи онҳо амал намоянд. Аммо баъзеи онҳо роҳу равиши худро тағйир надода, истеъдоди волои хешро то ба Маскаву оламиён маълум менамуданд, аз ҳуқуқҳои зеҳнию фитрии худододи миллиашон бо навоварию ихтироъкорӣ дифоъ мекарданд. Нафаре аз онҳо авиаконсруктори маъруфи тоҷик Фаррух Муҳаммадов мебошад, ки  ихтирооту навоварии худро дар соҳаи авиатсия аз таъқибу фишор ва нотавонбинии баъзе мансабпарастон бо истодагарӣ ва  шуҷоату матонати ибратбахш ҳимоя кардааст. Бюрои таҷрибавии конструктории (БТК) Ф. Муҳаммадов баъди таназзули Иттифоқи Шӯравӣ дар баробари БТК- ҳои ба номи А. И. Микоян, ба номи П. О. Сухой ва ба номи А. С. Яковлев дар ин соҳаи муҳими стратегӣ мавқеъ пайдо карда буд.
Пас чаро дар бораи ин шахсияти маъруф, ки мутаассифона, бар асари бемории дуру дароз 30- юми октябри соли 2013 дар синни 73- солагӣ рахти сафар баст (равонаш шод бод!), дар ватанаш  Тоҷикистон, эътироф кардан як сӯ истад, касе забон  намекушод?! Фақат таъзияномаи муҳандис-механик ва подполковники эҳтиётӣ Шавкат Муҳаммадов  ва очерки нависанда Искандар Ҳамроқулов «Крыло Мухаммедова» дар рӯзномаҳои  «Народная газета» ва «Паёми Душанбе»  аз кору фаъолияти наҷиби Фаррух Муҳаммадов маълумоти мухтасар додаанд.
Бо Шавкат Муҳаммадов, ки амакбачааш будааст, вохӯрдаму  дар бораи маҳрум далелҳо пайдо намуда, боварӣ ҳосил кардам, ки Фаррух Муҳаммадов барҳақ нахустин авиаконструктори тоҷик аст. Барои исбот мухтасар саҳифаҳои умри бобаракати ӯро варақ мезанем.
Фаррух Муҳаммадов 9 феврали соли 1941 дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза)  ба дунё омадааст. Падараш Абдулҳамид як умр бо мошин сару кор дошта,  аз аввалин ронандагони Ӯзбекистону Тоҷикистон  ва омӯзгор дар мактаби ронандагии  пойтахти кишвар ба шумор мерафт. Ӯ ба фронт сафарбар шуда, дар муҳорибаи Сталинград ҳалок гаштааст.
- Тарбияи Фаррухи шашмоҳаро минбаъд амакаш Абдулҳафиз ба зимма гирифта,  ба воя расонд, хононд,- мегӯяд Шавкат Муҳаммадов. – Фаррух ба хондан шавқи беандоза дошта, лаҳзаҳои фориғ аз дарсро ба мутолиаи китобҳои дарсӣ ва маҷаллаҳои техникии «Юность», «Юный техник», «Крылья  Родины» ва адабиёти дигар сарф мекард. Бо бародараш Фазлиддин дар маҳфили авиатехникҳои ҷавон мудом ба сохтани моделҳои самолёт машғул буд. Ба бозиҳои беҳудаи бачагона дар кӯча ҳавас надошт. Дар ҳавлӣ ҳамеша садои ғурроси самолётчаҳои худсохташ ба гӯш мерасид.
Яъне, қаҳрамони мо аз бачагӣ дар муҳити солими  касбу ҳунаромӯзӣ тарбия ёфтааст. 10-12-сола буд, ки орзуи сохтани ҳавопаймои чӯбини худро  мепарварид. Таҳсил  дар мактаби русии шаҳри Душанбе  барои интихоби касби ояндааш шароити мусоид фароҳам овард. «Дар  дафтару рӯзномаҳоям ҳамеша расмҳои самолёт мекашидам. Бозичаҳои давраи бачагиам дастаи «Конструктори механикӣ», печтобу  чархакҳо буданд. Аз инҳо ман аввалин ҳавопаймоямро бо мотори пружинӣ  ва винти ҳавоӣ сохтам», - навиштааст дар дафтари хотираҳояш Ф. Муҳаммадов.
Конструктори наврас ба маҳфили амсиласозии ҳавопаймоҳо (авиамоделсозии) хонаи пионерони Сталинобод аъзо шуда, таҳти сарварии собиқ иштирокчии ҷанг, ҳавопаймо-қиркунанда Н. А. Канев аввалин амсилаи ҳавопаймои худашро бо муҳаррики резинӣ сохт. Баъд ба планёрсозӣ шурӯъ кард.  16-сола буд, ки дар аэроклуби Сталинобод ба сохтани амсилаҳои ҳавопаймоҳои нав шуғл варзид. Дар ҳавлии аэроклуб ҳавопаймои қиркунандаи ҳақиқии Як-3 меистод, маҳфилҳои планёрӣ (ҳавопаймои чӯбини бемуҳаррик), парашютӣ ва амсиласозии ҳавопаймоҳо фаъолият мекарданд. Аэроклуб ба ҷавонони ҷумҳурӣ дастрас буд. Сарварии клубро барандаи ҷоизаи сталинӣ Н. Т. Лавриненко, авиаконструктор ва иштирокчии ҶБВ, ба зимма дошт. Фаррух парвоз карданро дар планёрҳои   А-1, А-2, БРО - 9,  БРО - 12 ва дигар навъҳояш омӯхт.
 Соли 1960 Фаррухи  17- сола  аз рӯйи лоиҳаи худаш якумин тайёрачаи (авиеткаи) чӯбини таълимии «Душанбе- 1»-ро сохт. Озмоишҳои аввалини он дар аэродроми ДОСААФ- и  Ёвон ва парвозгоҳи Айнӣ бомуваффақият сурат гирифтанд.        
Ф. Муҳаммадиев соли 1961 имтиҳоноти дохилшавиро ба Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов бомуваффақият месупорад. Аммо раиси комиссияи имтиҳонотӣ, ки устоди Донишкадаи авиатсионии Рига буд,  аз шавқу завқи беандозаи ӯ ба авиатсия воқиф шуда, ҷавони закиро ба  муассисаи олии Рига мегузаронад.
Таҳсил дар ин донишкадаи номдор ба Фаррухи донишҷӯ обрӯю эътибор овард. Ӯ тайёрачаи дуюмаш РИИГА-ро солҳои 1961-1963 дар устохонаҳои ҳамин донишкада сохтааст. РИИГА-1 борҳо дар намоишгоҳҳои донишҷӯён ба намоиш гузошта шуда, озмоишаш дар фурудгоҳи Рига сурат гирифт. Азбаски  доир ба истеҳсоли ин гуна дастгоҳҳои парвозкунанда  меъёрҳои қонунгузорӣ мавҷуд набуд,  ба парвозаш иҷозат намедоданд. Ин комёбии нахустин сабабгори дар донишкада ба вуҷуд омадани гурӯҳи ташаббускори донишҷӯёни конструктор гардид.  Фаъолияти минбаъдаи гурӯҳ аз ҷониби устодони  кафедраи конструксияи ҳавопаймоҳо Д. П. Осокин, К. Д. Миртов ва В. Е Косторский дастгирӣ ёфт ва ниҳоят соли 1963 ба таъсиси бюрои конструктории донишҷӯён – БКД  РИИГА  мусоидат намуд. Сардори нахустини он донишҷӯйи курси дуюми факултаи механика Ф. Муҳаммадови тоҷик таъин шуд. Таъиноти мазкур  ба эҷоди амсилаи тайёраи обии (гидросамолёти)  РКИИГА-74 дар  БДК боис шуд, ки озмоишҳои аввалини онро моҳи сентябри соли 1974 дар рӯйи об худи Ф. Муҳаммадов, пилоти класси якум В. Абрамов ва корманди донишкада В. Сейтлин гузаронданд. Тайёраи РКИИГА-74 соли 1976 дар  Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР сазовори медали нуқра гардид.  Пас аз ин донишҷӯёни бюро амсилаҳои  ҳавопаймои бемуҳаррики филизии А-13, ҳавопаймоҳои РИИГА -3 «Турист» ва «Энтузиаст»-ро сохтанд. Рисолаи дипломии Фаррух дар бораи ҳавопаймои «Турист» баҳои аълои комиссияи имтиҳониро сазовор гардид. «Энтузиаст»-ро ба озмоиши ҳавоӣ омода карда буданд, вале парвоз  ба он муяссар нашуд. Ин ҳавопаймо соли 1976  дар Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР ба намоиш гузошта шуда, баҳои баланди дӯстдорон ва мутахассисони авиатсияро гирифт ва сазовори медали нуқраи НКХХ СССР шуд.
Пас  аз  хатми  бомуваффақияти донишкада унвонҷӯ Ф. Муҳаммадов  рисолаашро бахшида ба ҳавопаймои  Ту- 144 дар шӯрои  олимони РКИИГА бо  баҳои  аъло  ҳимоя карда, номзадии илмҳои техникиро мушарраф гардид.  Сипас Сергей Яковлев - муовини конструктори генералии БТК ба номи А. С. Яковлев мусоидат кард, ки конструктори умедбахш Ф. Муҳаммадов соҳиби роҳхати Вазорати саноати ҳавопаймоии СССР барои кор дар  БТК- и падараш шавад. БТК-и Яковлев он замонҳо бюрои конструктории нафарони баргузида ва таъинотии шӯравӣ ба шумор мерафт. Аз ин рӯ, мусоидати С. Яковлев барои дар он ҷо кор ёфтан мадад нарасонд. Истеъдоди хуби конструкторӣ ва мустақилиятхоҳии Ф. Муҳаммадовро роҳбарони бюрои мазкур шубҳанок қабул намуданд. Конструкторони эҷодкори мустақил дар ин ширкат дер намепоиданд. Баъдҳо ҳатто худи С. Яковлев дар ин бюро нағунҷид. Сипас Ф. Муҳаммадов дар кафедраи аэродинамика ва динамикаи парвози Донишкадаи авиатсионии Маскав (ДАМ) ба вазифаи корманди калони илмӣ пазируфта  шуд. Вале дили  ӯ ба кафедраи конструксия ва лоиҳасозии ҳавопаймоҳо кашол буд. Тақрибан пас аз ним сол профессор А. А. Бадягин, ки  Фаррухро аз рӯйи ҳавопаймоҳои дар Рига сохташудааш ғоибона мешинохт, ба вазифаи иҷрокунандаи масъули мавзӯи комилан махфӣ доир ба экраноплан даъват намуд. Мафҳуми «комилан махфӣ» ба тадқиқот дар бораи  аз  киштии зериобӣ ва  экраноплан сохтани дастгоҳи нави парвозӣ дахл дошт.  Ф. Муҳаммадов дарҳол нақшаи худро дар бобати коркард ва сохтани амсилаи намоишии экраноплан пешниҳод намуд. Мувофиқи нақша  коркарди экраноплан бояд якҷо бо РКИИГА ба сомон расонида, сохтанаш дар заводи ҳавоапаймосозии варзишии шаҳри Пренайи Ҷумҳурии Латвия ба роҳ монда мешуд. Заводи номбурда аз Маскав иҷозати коркард, сохтану озмудани планёрҳоро гирифта буд. Ин пешниҳод ба Бадягин писанд омад. Ҳамин тавр, Фаррух Муҳаммадов муваққатан боз ба Рига баргашт. Дар тӯли се моҳ гурӯҳи 20-нафараи  олимону мутахассисон ҳисобу китоби дахлдорро ба сомон расонида, тарҳ ва нақшаи кории экранопланро кашиданд. «Баъди 33 соли фаъолият  ман ниҳоят ба шуғли дӯстдоштаам - конструкторӣ даст ёфтам», - навиштааст Фаррух дар китоби ёддоштҳояш. Ба гурӯҳ таҳти сарварии ӯ муяссар шуд, ки тобистони соли 1978 экраноплани ЭЛА-01- ро дар заводи Пренай сохта, ба озмоиш омода созанд. Озмоиши ЭЛА-01 дар  дарёи Неман бомуваффақият гузашт ва баҳои хуби фармоишгарони низомиро сазовор шуд. Донишкадаи авиатсионии Маскав онро барои гирифтани ҷоизаи комсомоли ленинӣ пешниҳод намуд. Вале хурсандии созандагони ин дастгоҳ дер давом накард. Онҳоро айбдор намуданд, ки гӯё  реҷаи махфияти мавзӯъро фош карда бошанд. Маълум шуд, ки як ҳамкори онҳо дар рӯзномаи «Комсомольская правда» мусоҳибаеро бо Бадягин ва аксҳои экраноплани ЭЛА-01 ба табъ расонда будааст. «Лек аз чӣ бошад, ки огоҳиро ба ман доданд. Шояд аз рӯйи ҳасад буд», -навиштааст қаҳрамони мо.
Пас аз ин мақомоти дахлдор ба таъқиби авиаконструктор Ф. Муҳаммадов шурӯъ намуданд. Е. Бочагов – иҷрокунандаи масъули мавзӯъ аз факултаи 3-юми ДАМ ва узви ҳизби коммунист аз серкории гурӯҳи Ф. Муҳаммадов истифода бурда, ба сифати матолиби айбдоркунанда ангораю нақшаҳо, схемаю нусхаҳои дигар ҳуҷҷатҳои партофтаро   ҷамъ карда, ба кормандони КГБ- и ДАМ месупорад. «Онҳо ба таъқиби ману Бадягин ва корманди илмии РКИИГА Шестаков оғоз намуданд,- навиштааст Ф. Муҳаммадов. - Моро барои вайрон кардани реҷаи махфият гунахгор сохтанд. Ман як соли дароз кабинетҳои кормандони КГБ- и ДАМ ва роҳбарияти ноҳиявии онҳоро охурча кардам, сахт тарсида, ғам мехӯрдам, ки ҳуқуқи маро барои роҳ додан ба фаъолияти махфӣ бекор менамоянд. Ин  маънои онро дошт, ки маро аз кори авиаконструкторӣ дар БТК ё дар заводи ҳавопаймосозӣ маҳрум месозанд. Хайрият  шарт гузоштанд, ки агар аз ДАМ равам, дастрасии маро ба фаъолияти махфӣ ва  авиаконструкторӣ нигоҳ медоранд».
Бад-ин минвол, Ф. Муҳаммадов соли 1980 дар синни 40-солагӣ бекор мемонад, вале дар хонааш лоиҳаи ҳавопаймои зарбазанро аз рӯйи нақшаи «қаноти мураккаб» эҷод намуда, амсилаи онро месозад. Он солҳо авиаконструктори маъруф М. Н. Симонов муовини вазири саноати авиатсионӣ оид ба техникаи навин тамоми корҳои илмӣ-тадқиқотиро дар саноати ҳавопаймоӣ назорат мекард. Вай ба конструкторони мустақил таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, фурсат ёфта, бо онҳо вомехӯрд. Ӯ аз муваффақияту фаъолияти ояндадори Ф. Муҳаммадов дар ДАМ-у заводи Пренай  огаҳии хуб дошт. Соли 1980 М. Н. Симонов авиаконструктори бекорро ба ҳузураш   пазируфта,  дилбардорӣ намуд ва ваъдаи дастгирӣ карданро дод. Ва боре ба ӯ рӯ овард:
-Ту тоҷик ҳастӣ- ку. Биё бароят дар Тоҷикистон филиал кушоем...
Ва  ҳамон  лаҳза  дар панҷ сатр номаеро   дар  варақаи  расмӣ  аз номи Вазорати саноати ҳавопаймоии СССР ба унвони Ҳукумати Тоҷикистон навишта имзояшро монд ва ба дасти ҳаммаслакаш дод, ки аз пайи кор шавад. Ҳамин тавр, соли 1989 мутобиқи Қарори КМ КПСС ва Совети Вазирони СССР ва фармони ВСҲ   барои бунёд кардани Иттиҳодияи авиатсионии Тоҷикистон «Ситора» дар шаҳри Душанбе 400 метри мураббаъ замин ҷудо карда шуд. Солҳои 1981-1991 се иншооти ИАТ сохта, филиали заводи ҳавопаймосозии Новосибирск - заводи мошинсозии шаҳри Душанбе сохта шуд. Дар ин ҷо бояд истеҳсоли ҳавопаймоии таълимӣ-тамринии «Ситора-1» дар  ҳамкорӣ бо муҳарриксозони чех ба роҳ монда мешуд. (Имрӯз дар  ҳудуди ин завод ва дигар иншооти он бозори чаканафурӯшии «Корвон» ҷой гирифтааст). Минбаъд дар Душанбе филиалҳои Авиабанк ва  БТК ба номи А. И. Микоян кушода шуданд. Филиали мазкур ягона бюрои таҷрибавии конструкторӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт. Дар ин БТК лоиҳаҳои ҳавопаймоҳои таълимӣ-тамринии дуҷояи «Ситора-1», ҳавопаймоии мусофирбари 50-ҷояи «Евразия», ҳавопаймои мусофирбари 700-ҷояи схемааш аэродинамикию интегралии «Евразия-700» ва самолёти дурпарвози «Авиастайер»  коркард шуданд. Бояд гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои бунёди ин иншоотҳо ягон танга сарф накарда буд. Таҳти роҳбарии Ф. Муҳаммадов  тайёр намудани кадрҳои авиатсионии тоҷик дар заводҳои ҳавопаймосозии шаҳрҳои Комсомоли соҳили Амур, Иркутск ва Новосибирски Русия ба роҳ монда шуд. Аз ин рӯ, Фаррух Муҳаммадовро асосгузори  саноати авиатсионии Тоҷикистон ва нахустин авиаконструктори тоҷик муаррифӣ намоем, иштибоҳе намешавад.
Соли 1989 дар хаёли Фаррух Муҳаммадов андешаи сохтани амсилаи ҳавопаймои қаноташ доирашакл (дископлан) пайдо шуда, онро инкишофу тадқиқ мекунад ва ба он ҳамчун «Қаноти Муҳаммадов» патент мегирад. Худи ҳамон сол ӯ ба сохтани амсилаи ҳавопаймои ҳарбии қиркунандаи бисёрвазифа бо қаноти «диск + консоли» шурӯъ мекунад. Лоиҳаи ҳавопаймоии реактивии  таълимии Ф. Муҳаммадов соли 1991 дар озмуни Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Русия беҳтарин дониста шуда, ҳамчун ҳавопаймоии ояндадор эътироф мешавад ва барои коркарди минбаъдааш ҷудо кардани маблағро  тавсия медиҳанд. Лоиҳаи нави нахустин авиаконструктори тоҷик ҳавопаймои озмоишии фавқулманёвр «Интеграл», ки қаноти мудаввари «диск +консоли»  дошт, дар озмуни ҳавопаймоҳҳои таълимӣ-тамринии ҚҲҲ-и Русия  беҳтарин навоварӣ эътироф гардида, баҳри коркарди он барои САГИ ва филиали БТК ба номи А. И. Микоян дар Душанбе ҷудо кардани маблағ дар ҳаҷми тақрибан 2 миллион долларро тавсия доданд. Аммо азҳампошии Иттифоқи Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба татбиқи   ин нақшаҳо зарбаи ҷонкоҳ зад.
Фаррух Муҳаммадов, ки қобилияти азими созандагиву бунёдкорӣ дошт, аз ин фоҷиа рӯҳафтода нашуд. Дар солҳои 1993 - 1994 БТК «Евразия» ва ширкати «M&X GMВH», ки ҳардуро худи ӯ таъсис дода буд, бо лоиҳаҳои ҳавопаймои  мусофирбари «Евразия-50» ва ҳавопаймои таълимии тамринии «Интеграл» дар озмуни Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок карданд. Дар ҷамъбасти озмун ширкати  «M&X GMВH» бо Вазорати  мудофиаи  ҶИЭ барои коркарди ҲТТ «Интеграл»  шартномаи литсензионӣ баст, ки дар асоси он  бояд 3 адад ҳавопаймои тарҷрибавӣ сохта, якҷоя бо Русия  истеҳсоли силсилавии 200 адади ин ҳавопайморо ба сомон мерасонид.
Ин дастоварди гӯшношунид ва рахнаи Бюрои таҷрибавии конструктории хусусии «Евразия» дар Эрон роҳбарони Агентии авиатсионӣ-кайҳонии Русия ва БТК-и ба номи С. В. Илюшинро ба таҳлука андохту онҳо аз ёрӣ даст кашиданд. Бар иловаи ин амали нотавонбинона, бар  зидди БТК «Евразия» ва роҳбарияти он Прокуратураи  генералии Федератсияи Русия парвандаи ҷиноятӣ кушода, ширкат ва хонаи Ф. Муҳаммадовро кофтуков карда, халтаҳои ҳуҷҷатҳои техникиро тасарруф намуданд ва ӯро моҳҳо мавриди пурсишу тафтиш қарор доданд.
«Ман чун авиаконструктор ва тоҷир  пешбинӣ карда натавонистам, ки мансабдори рус то чӣ андоза кундфаҳму худхоҳ будааст, ки дар натиҷа шартномаи арзишаш 1,2 миллиард доллар насиби БТК-и дигар давлат гардид. 80 адад  ҳавопаймои Ан-140-и Украинаро  имрӯзҳо заводи ҳавопаймосозии Исфаҳон истеҳсол карда истодааст», - ба ёд овардааст Ф. Муҳаммадов. Аммо гуфтушуниди мустақили Ф. Муҳаммадов ҳамчун президенти БТК-и ба номи Муҳаммадов   натиҷаи хуб дода, барои коркарди ҳавопаймои «Интеграл» дар Эрон шартнома баста шуд...
 Соли 1997 БТК-и «Евразия»-и Ф. Муҳаммадов дар заминаи ҲТТ «Интеграл» ба коркарди лоиҳаи ҳавопаймои ҷангии сабуки «Интеграл-2010» шурӯъ кард. Солҳои баъдӣ зеҳну афкори олии техникии авиаконструктори варзидаи мавсуф лоиҳаҳои ҳавопаймоҳои мусофирбари «Паломник», кашидани тарҳ ва сохтани амсилаи катер-экранолёти дуҷояи МF-17, амсилаҳои ҳавопаймоҳои «Витязь-2000», А-219М, ҳавопаймои сабуки бисёрҳадафаи А-209 ва боз даҳҳо лоиҳаву амсилаҳоро ба миён овард.
Афсӯс, ки умр вафо накарду  нахустин авиаконструктори тоҷик Фаррух Муҳаммадов ормони дар Ватани азизаш –Тоҷикистон  эҳё кардани заводи ҳавопаймосозиро шикаста натавонист...
Эмоми НАЗАРИЁН,
«Ҷумҳурият»

P.S: Ҳамзамон Ф. Муҳаммадов бо ҳаммуаллифии А. А. Бадягин солҳои 70-ум китоби «Лоиҳасозии ҳавопаймоҳои сабук»-ро навиша ба табъ расонид, ки дар таърихи авиатсияи шӯравӣ нахустин адабиёти дарсӣ ва омӯзишӣ ба ҳисоб мерафт. Ин асар солҳои 90-ум харидори сершуморе пайдо карда, ҳоло китоби рӯймизии мутахассиону олимон ва дӯстдорони авиатсия гардидааст. Дар охири умраш Ф. Муҳаммадов ба беморӣ ва ҷарроҳии гузарондааш нигоҳ накарда, ёддоштҳояшро дар китоби «Авиаконструктори асри ХХI» бо забони хеле шавқовари русӣ навишт,  ки онро Фонди мусоидат ба ҳавопаймоии  «Русские втязи» соли 2013 интишор намуд. Асар барои мутахассисони ҳавопаймоӣ ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст. Ӯ  ҳамчунин муаллифи беш аз 30 мақолаву дастурҳои илмӣ  мебошад.
 Фазлиддин Муҳаммадов – бародари Фаррух мактаби олии ҳавонавардиро хатм карда, то ба нафақа баромадан ҳавопаймоҳои мусофирбари Ан-2, Ил-14, Ил-18-ро идора кардааст. Ӯ нахустин командири тоҷик мебошад, ки ба парвозҳои ҳавопаймои бузурги Ту-154 бомуваффақият роҳбарӣ намудааст. 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2014    №: 8    Мутолиа карданд: 1880
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед