logo

энергетика

«Чашмони нилгун»-и Помир ба Арал об мерезанд

Бо  фарорасии сармо  дар  Бадахшон  ҳамасола  сатҳи   оби рӯди  Ғунд  кам   ва  хатари  коҳиш ёфтани иқтидори тавлидотии  НБО-и  «Помир-1»  пеш  меояд. Аммо  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани   обанбори табиии   Яшилкӯл  боис шудааст, ки камбуди об бартараф  ва фаъолияти муназаму пурраи   неругоҳ  дар чор фасли сол   таъмин гардад.
Ба гуфтаи сардори департаменти тавлиди барқи ширкати «Помирэнержи»  Амрихон  Раҳимов, дар  мавсими  камобӣ, ки ба аввалҳои моҳи декабр то нимаи апрел рост меояд,   рӯд аз  обанбори Яшилкӯл пур  мешавад. Яшилкӯл 375 миллион метри мукааб обро дар худ ғуҷондааст ва тибқи лоиҳа барои таъмини кори чархаҳои неругоҳ дар мавсими камобӣ  то 150  миллион метри мукааб оби онро  истифода намудан мумкин аст. Аммо ба гуфтаи мутахассисони ширкат,  таҷрибаҳо нишон доданд, ки  барои таъмини  сатҳи кофии об дар рӯд ва   иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ  аз 120 то 132 миллион метри мукааб оби Яшилкӯлро масраф намудан  басанда  аст. Захоири  масрафшудаи  обанбори кӯл  аз резиши   дарёчаҳо ба он   боз пур шуда, таҳдид ба  муҳити  зистро дар пай надорад.
Яшилкӯл аз ҷиҳати ғунҷоиши захираи об савумин кӯл дар Бадахшон аст. Аз обанбори табиии ин кӯл сокинони мавзеъ баҳра мебаранд.
Ба иттилои  мутахассисон,  дар  ҳудуди  Бадахшон  бештар аз 140  кӯлҳои хурду бузург ҷой гирифта, ин сарзамини пурасрор ва биҳиштосоро ба чашми бинандагон боз ҳам зеботар ҷилва медиҳанд. Яке аз нахустин сайёҳони рус бо таассурот  аз  азамат  ва шукӯҳи кулҳои минтақа онҳоро «чашмони нилгун»-и Помир номидааст.
Сарез, ки  бо номи  «нозанини хуфта»  маълуму машҳур гардидааст, кӯли аз ҳама ҷавон буда, бар асари заминларзаи сахти моҳи феврали соли 1911 ва кандшавии кӯҳпораи Усойю  басташавии рӯдхонаҳои  кӯҳӣ  ба вуҷуд омадаст.  Сарезро   кӯҳҳои осмонбӯс  дар баландии  3200 метр  аз сатҳи баҳр  бо захоири 17 миллиард метрии мукааб оби тозаи ошомиданӣ гӯё  дар  каф гирифта бошанд.
 Ин кӯл торафт  ба яке аз ҷойҳои диданӣ барои  дӯсторони   зиёди сайёҳии экологии дохилу хориҷи кишвар  табдил  мегардад. Бархе аз мутахассисони кишвар истифодаи захираи оби  тозаи кулро  ба мақсади ҳалли мушкилоти оби  тозаи ошомиданӣ дар ҷумҳурӣ ва ҳамсоякишварҳо  амалишаванда мешуморанд. Президенти кишвар қаблан дар  Маҷмаи Созмони Миллали Муттаҳид масъалаи истифодаи оби тозаи Сарезро ба нафъи кишварҳои ҳамсуд таъкид кард. Муҳандис  Султонбек  Дилёбов  яке аз онҳоест, ки бовар дорад, дар  ояндаи наздик оби тозаи  Сарез ба  қурби  нафту гази моеъ  баробар шуда,  тавассути лӯлаҳо интиқол ва ба ниёзмандон расонда  хоҳад шуд ва лоиҳаи тартибдодаи хешро ба Академияи илмҳои ҷумҳурӣ   ҳам пешниҳод кардааст.
Аммо  Қаракӯл, бузургтарин  кӯли  Бадахшон  бо ғунҷоиши 27 миллиард метри  мукааби об дар  ноҳияи Мурғоб  доман  густурдааст. Ин кӯли обаш шӯру намакин ва  сокиту ором  дар назари роҳгузарони  масири Хоруғ - Ош пораи  осмони нилгунро   мемонад, ки дар моварои дашти  беканор афтодаасту  сафарии хасташударо ба ёди сабзазорҳои саҳроҳо ва дашту даман  мебарад. Кӯл дар зимистон қабати ғафси ях  мебандад ва бархе аз ронандагони маҳаллӣ  ба хатари шикастани ях нигоҳ накарда, ба хотири кӯтоҳ намудани роҳ ва сарфаи сӯзишворӣ  аз болои он  убур намуданро дӯст  медоранд.
Зоркӯлу  Рангкӯл - кӯлҳои  калони  дигари  Бадахшонанд. Аммо   олами набототи нодир ва табиати нотакрори   Зоркӯл  беш аз пеш  таваҷҷуҳи  сайёҳонро  ҷалб мекунад. Қариб ҳар як сайёҳи хориҷӣ кӯшиш мекунад, ки ба мамнӯъгоҳи  Зоркӯл  сафар намояд  ва олами ҳайратагези  вуҳушу туюри онро бо чашми сар бубинад. Кӯл   дар  масири  абрешим  ҷой гирифта, сайёҳон  дар роҳи сафар  ба он ҷо  аз тамошои дижҳои бостонии маҳалли Вахони ноҳияи Ишкошим, ки бунёди қадимтаринашон ба аҳди Кушониён мерасад, баҳравар мешаванд.
Ба  гуфтаи  олими  набототшинос  Абдулназар  Абдулназаров,    дар моварои хати  парвози   паррандагони кӯчӣ   қарор гирифтани  он   боис  шудаст, ки селаи паррандагони гуногун  ба ин ҷо  оянду   ба   кӯл шукӯҳи боз ҳам бештаре бахшанд. Ғози  сафеди   ҳиндиро   «маликаи  Зоркӯл» меноманд ва селаи ин паррандагони нодир  баҳори  ҳар сол дар кӯл лона мегузоранду то тирамоҳ меҳмони ин ҷо мемонанд.
Аммо кӯлҳои  Бадахшон дар  баробари  олами бой ва рангини  олами  наботот ва ҳайвоноташон дорои захираи адонашавандаи об мебошанд. Обанборҳои табиии  кӯлҳои Бадахшон  миллиардҳо  метри  мукааб обро дар худ ғунҷондаанд. Айи ҳол бо шарофати  истифодаи обанбори Яшилкӯл, ки намунаи  ҳамкории судманди мутахассисони ватанӣ бо ташилотҳои байналмилалӣ аст, на фақат НБО-и «Помир -1» бо иқтидори пурраи 28 Мегават кор мекунаду маркази вилоят ва навоҳии гирду атрофи он дар фасли сармо ҳам бо барқ таъмин мебошанд, балки то 130 миллион мукааб оби ин кӯл, ки барои пур кардани рӯди Ғунд сар дода мешавад, аз он ҷо  ба рӯди Панҷ  мерезад ва иловатан бидуни ягон ҳисобу китоб  то баҳри Арал мерасад. Замоне  ки мутахассисони ҳамсоякишвар бе асоси илмӣ аз хатароти экологии бунёди сарбандҳо ва неругоҳҳо дар  ҷумҳуриамон садо баланд мекунанд, на фақат рӯди чашмаҳо ва дарёҳои Тоҷикистон, балки ҳамакнун «чашмони нилгун»-и кӯҳсорони тоҷик ба баҳри Арал об мерезанд. 
Ба  гуфтаи олимони Пажӯҳишгоҳи  биологии  Помир   захираҳои  бузурги   обу пиряхҳои   Тоҷикистон  барои ҳалли мушкилоти об дар ҷумҳурии мо  ва кишварҳои минтақа  пурра басанда аст. Онҳо мутахассисони кишварҳои  ҳамсудро даъват мекунанд, ки ба ҷойи аз ҷанбаи сиёсӣ назар афкандан ба иқдоми  бунёди нерӯгоҳҳо ва сарбандҳо, ба ҳамкории созанда ва  самараноки илман асосноки  ин захоир  таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд ва   бар ин боваранд, ки  аз чунин ҳамкорӣ ҳамаи кишварҳо  бурд хоҳанд кард.
М. САИД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2014    №: 8    Мутолиа карданд: 9046
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед