logo

илм

ОЛИТАРИН ПОДОШИ АМАЛ

Шодравон Исомиддин Соатов, доктори илми тиб, профессор, узви пайвастаи Фарҳангистони улуми пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон, узви вобастаи Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ, академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик Е. Н. Павловский, Корманди шоистаи Тоҷикистон, аз ҷумлаи мутахассисони варзидаи соҳаи дандонпизишкӣ ва даҳонпизишкии мамлакат буд, ки дар муддати тақрибан 35 соли фаъолияти пурсамар барои ташкилу бунёди хадамоти дандонпизишкӣ ва мактаби илмию амалии миллии даҳонпизишкии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузошт.
Зери роҳбарии ӯ бори нахуст дар Тоҷикистон Барномаи табобати муҷтамеи пешгирии хӯраи дандон, бемории парадонт, истифодаи созаҳои филизӣ ва филизиву фағфурӣ дар инҳирофоти низоми ҷоғу дандони калонсолон таҳия ва татбиқ гардид.
Усули татбиқи амсилаҳои риёзӣ ҳангоми истифодаи созаҳои филизӣ ва филизиву фағфурӣ бори нахуст дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо ташаббуси профессор И.Соатов истифода гардид, ки то ба имрӯз дар раванди таълиму табобат дар қаламрави Тоҷикистон ва хориҷ аз он ба таври густурда истифода мешавад.
Натиҷаи таҳқиқоти илмии ӯ дар асару рисолаҳои илмии олимони Русия ва кишварҳои дигар фаровон истифода шуда, ҳамчунин дар пойгоҳи иттилоотии Донишгоҳи Айова, Маркази даҳонпизишкии шаҳри Вилгментони иёлати Пенсилвания, шаҳри Болдери иёлати Колорадо ва дигар марказҳои тиббии мамлакатҳои бузург ворид гардидааст. Дар донишгоҳҳои иёлатҳои Айова, Пенсилванияи ИМА, марказҳои илмии шаҳрҳои Ройтленген ва Тюбенгени Олмон, донишгоҳи Мумбай (Бомбайи Ҳиндустон) ва марказҳои илмии Теҳрон (Эрон) ва дигар кишварҳои хориҷии дуру наздик суханронӣ намуда, илми даҳонпизишкии тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.
И. Соатов иштирокдори фаъоли симпозиум ва конфаронсҳои илмии байналмилалӣ дар Русия, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Олмон, Украина, Қазоқистон, Туркманистон, Гурҷистон ва дигар кишварҳои олам буд. Вай дар умри начандон тӯлонӣ, вале бобаракати худ, дар баробари табобати ҳамарӯзаи дармондагону ниёзмандон бештар аз 160 мақолаи илмӣ, се монография, ду китоби дарсӣ, чор дастури таълимӣ, ду луғати даҳонпизишкӣ таълиф намуда, ба дарёфти чилу ҳашт пешниҳоду навоварӣ, чор шаҳодатномаи муаллифӣ, ҳафт ихтироъномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардид.
Профессор  И. Соатов соли 1997 аз ҷониби Маркази миллии патенту ахбори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дипломи барандаи озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» барои ихтирооти аслӣ дар соҳаи табобати дандон сарфароз гардонида шуд. Ҳамчунин аз ҷониби ин марказ соли 2001 барои ишғоли ҷойи аввал дар озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон дар солҳои 2000-2001» бо диплом сарфароз гашт. Соли 2003 ба гирифтани медали тиллои Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ шарафёб гардид. Дар ҳамин сол ба ӯ дипломи «Ихтироъкори беҳтарини сол» дода шуд. Соли 2004 барои силсилаи корҳои илмияш оид ба истифодаи созаҳои фағфурӣ ва филизиву фағфурӣ барои табобати муҷтамеи низоми ҷоғу дандони калонсолон ба дарёфти Ҷоизаи  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Е. Н. Павловский дар соҳаи биология, тиб ва кишоварзӣ ноил гардид. Асарҳои вай “Тибби дандон ва равияҳои табобати он” (Душанбе, 1996), “Дандонҳои филизӣ ва филизиву фағфурӣ” (Душанбе, 1996), “Дурри гаронбаҳо” (Душанбе соли 1998, ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ), “Дандонпизишкӣ дар аҳди Сомониён” (Душанбе, 1999, ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ), “Луғати дандонпизишкӣ” (1996), “Луғати мухтасари даҳонпизишкӣ” (с. 1997) дар амри пешбурди Қонуни забон ва ба забони давлатӣ гузарондани таълими тиббӣ асари рӯйимизии донишҷӯёну устодони мактабу муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ мебошанд. Соли 1997 китоби “Тибби дандон ва равияҳои табобати он» дар озмуни китобҳои дарсии тиббии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал дониста шуд.
Асарҳои ӯ «Дурри гаронбаҳо» (1998), «Бесценная жемчужина» (1998) аз ҷумлаи аввалин дастурҳои илмии тиббӣ буда, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати дастури таълим оид ба омӯзиши беҳдошти даҳону дандон тавсия гардиданд ва дар Барномаи таълимии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ карда шудаанд.
И.Соатов дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъолона ширкат варзидааст. Вай узвияти раёсати Анҷумани байналмилалии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», Анҷумани «Таърихи бостон», Бунёди байналмилалии «Абуалӣ ибни Сино» ва созмону ҷамъиятҳои дигари дохилию хориҷиро ба зимма дошт. Номбурда ҳамеша мунодии сулҳу ваҳдат ва баробарию бародарии ҳамаи инсонҳо дар саросари олам буд. Вай ба сифати роҳбари гурӯҳи Тоҷикистонии Ҳаракати сулҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Амрико (1988) иштирок намудааст. Ҳамчунин ӯ дар се даъват вакили  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва раиси комиссияи тандурустӣ, ҳифзи модару кӯдак, таъмини иҷтимоӣ ва экологияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе буд.
Профессор И. Соатов дорои мактаби даҳонпизишкии хоси худ буд ва оид ба татбиқи созаҳои муосири дандонҳои маснӯъӣ, махсусан аз филизу фағфур мутахассисони соҳибихтисосро ба камол расондааст, ки дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он ба кору фаъолияти пурсамар машғуланд.
Хизматҳои профессор И. Соатов аз ҷо-ниби ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо қадршиносӣ шудааст. Аз ҷумла, вай бо нишони «Аълочии нигоҳдории тандурустии СССР» (1985), медали биринҷии НКХХ СССР (1978), дипломи дараҷаи якуми НКХХ РСС Тоҷикистон (1986), унвони «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1994), нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1996), медалҳои ифтихории фонди сулҳ (1993, 2001) ва ифтихорномаҳои зиёди Вазорати тандурустӣ ва дигар вазорату идораҳои дохиливу хориҷӣ сарфароз гардидааст.
Вале, ба андешаи мо, олитарин подоши амал барои профессор И. Соатов муҳаббату самимияти мардум ба шахсияти варзидаву мумтози ӯст, ки пас аз марги нобаҳангомаш низ заррае кам нагардид.

Мирзо Ҳасани СУЛТОН,
доктори илми филология,академики Академияи табиатшиносии
Федератсияи Русия,

Абдузокир ШАМСИДДИНОВ,
мудири кафедраи даҳонпизишкии раддодии Донишкадаи такмили
ихтисоси баъдидипломии  кормандони тибби
Ҷумҳурии Тоҷикистон,  номзади илми тиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2014    №: 9    Мутолиа карданд: 3196
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед