мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЧЖАН СИН
11 январ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раиси ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Синро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкати бонуфузи чинӣ баррасӣ шуданд.
Ҳар ду ҷониб аз фаъол гардидани навбати якуми Маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе, ки 10-уми январ дар фазои тантанавӣ сурат гирифт, изҳори қаноат карданд. Ҳамчунин изҳори боварӣ шуд, ки то моҳи апрели соли равон навбати дуюми марказ низ ба кор даромада, иқтидори умумиаш ба 100 мегаватт/соат неруи барқ мерасад. Доир ба сохтмони ду агрегати дигар дар оянда ва ба 400 мегаватт расондани иқтидори умумии ин марказ ҳам гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Аз ҷониби ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёд, аз ҷумла сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳо амалӣ шудаанд.
Ҷонибҳо ба густариши ҳамкории оянда дар бахшҳои гуногуни соҳаи энергетика ва бартараф кардани мушкили норасоии неруи барқ дар Тоҷикистон дар фасли зимистон ҳавасмандии худро таъкид доштанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.01.2014 №: 10 Мутолиа карданд: 1472