илм
МУҲАҚҚИҚИ АСИЛ
Ќобилияти худодод ва меҳру муҳаббати беандоза ба илм Ҷумъахон Сафаровро ба фатҳи қуллаи умедҳо ҳидоят намуд. Ӯ пас аз хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ бо медали тилло, соли 1962 ба номи донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовор гардид.
Аз рӯзҳои аввали таҳсил ташаббускори нишасту маҳфилҳои гуногуни илмиву эҷодӣ буда, худ дар онҳо фаъолона ширкат меварзид. Устодону омӯзгорон ва ҳамсабақону ҳампешагон ба дастовардҳояш ошно гардида, қобилияти беҳамтояшро эҳсос мекарданд. Барои донишҷӯёни факултети физика ва математика хурсандиовар он буд, ки ба онҳо мутахассисони варзида, аз қабили профессори Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов В. Илйин (ҳоло академики Академияи илмҳои Федератсияи Русия), дарс мегуфтанд. Ба Ҷумъахон пас аз хатм бо хоҳишу тавсияи профессор В. Илйин барои идомаи таҳсил ба аспирантураи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов роҳхат доданд. Аммо бо сабаби мушкилоти оилавӣ ин ҷавони умедбахш имкони ба шаҳри Маскав рафтанро пайдо накард ва ӯро дарҳол ба шуъбаи математика ва маркази ҳисоби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор даъват намуданд.
Фаъолияти тадқиқотиро ӯ бо роҳнамоии олими тоҷик, академик А.Ҷӯраев оғоз намуд. Дар ин ҷода низ шамъи маърифати илмро ин мутахассиси ҷавон равшан карда, аз шогирдони арзандаву сазовори устоди худ гардид ва дар андак муддат миёни ҳамкасбон мақоми хоса ёфт. Соли 1967 лаборанти калони бахши барномасозии Пажӯҳишгоҳи физикаю техника буд ва аз соли 1968 то соли 1969 ба сифати ходими хурди илмии бахши муодилаҳои дифференсиалии Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ кор кард. Соли 1969 мавсуф ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ҳайси муаллими калон ба кор рафт ва 28 сол дар вазифаҳои гуногун (муаллими калон, мудири кафедра ва декани факултети математика) фаъолият намуд. Соли 1979 таҳти роҳбарии А. Ҷӯраев ба таҳқиқу пажӯҳиш машғул шуда рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Оид ба масъалаҳои канорӣ барои системаҳои муодилаҳои намуди таркибӣ дар соҳаҳои ҳамвор ва фазоӣ» дифоъ намуд.
Солҳои 1975-1981 мудири кафедраи математикаи олӣ ва ҳисоббарорӣ ва солҳои 1981-1991 ба ҳайси мудири кафедраи таҳлили математикии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ки бо ташаббуси ӯ дар заминаи кафедраи математикаи олӣ ва ҳисоббарорӣ таъсис ёфта буд, фаъолият дошт. Аз рӯзҳои аввали фаъолияти корӣ дар тайёр намудани муҳаққиқони варзида аз ҳисоби устодони кафедра ва донишҷӯёни аълохони факултети математика мусоидат намуд. Бо ин мақсад робитаи кафедраро бо марказҳои илмии Иттиҳоди Шӯравӣ густариш дода, ҳамкории пурсамари илмиро ба роҳ монд.
Самараи кордонӣ ва меҳнату заҳматҳои ӯ буд, ки дар як муддати кӯтоҳ заминаи илмию методии кафедра қавӣ гардид ва он ба яке аз кафедраҳои пурқуввати донишгоҳ табдил ёфт.
Бо ташаббуси ӯ бори аввал дар таърихи донишгоҳ конфронси илмии байналмилалӣ дар мавзӯи «Муодилаҳои дифференсиалӣ ва та-тбиқи онҳо» гузаронида шуд, ки дар он олимони намоён аз минтақаҳои гуногуни кишвар ва дигар мамолики собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат варзиданд.
Ҷумъахон Сафаров бо роҳнамоиву ҳидояти академик А. Ҷӯраев ва профе-ссор А. Янушаускас ба таҳлилу тадқиқи амиқу густурдаи масъалаи муҳими илми риёзӣ-системаҳои муодилаҳои ғайриклассикии бисёрченака машғул шуд ва дар ҷараёни фаъолият дастовардҳояш дар маҷаллаву маҷмӯаҳои гуногуни илмӣ, аз ҷумла «Доклады АН СССР», «Дифференциальные уравнения», «Труды Института математики СОАН СССР», «Труды Института математики ЛитАН», «Доклады АН Таджикской ССР» ва маҷаллаҳои хориҷӣ ба нашр расиданд. Дар раванди тадқиқу таҳлил муҳаққиқ усулҳои нави ёфтани тасвири ҳалли умумии системаҳоро баррасӣ намуда, назариёти арзишманд ва хулосаҳои худро пешниҳод кард. Дар натиҷа натанҳо мавҷудияти ҳалҳои умумии системаҳоро нишон дод, инчунин формулаҳои конструктивии мушаххасеро муқаррар кард, ки онҳо ҳалли саҳеҳи масъалаҳои бамиёнгузоштаро бозгӯ месозанд.
Устод бори аввал исбот намуд, ки типи масъалаи Дирихле барои сис-темаҳои ғайриклассикии муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусии тартиби ду якқимата ҳалшаванда аст ва қобили назмдоди эллиптикӣ мебошад. Ба олим муяссар гардид, ки гузориш ва тадқиқи масъалаҳои умумии канориро барои системаҳои ғайриклассикии муодилаҳои тартиби як барои соҳаҳои маҳдуд дар ҳамворӣ то ба охир расонад ва синфи бутуни аналоги фазоии ин гуна системаҳоро созад.
Муҳаққиқ соли 1996 дар Шӯрои махсуси илмии диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Новосибирск таҳти роҳнамоии раиси Шӯрои диссертатсионӣ, академики Академияи илмҳои ИҶШС М. Лаврентев, дар мавзӯи «Масъалаҳои канорӣ барои системаҳои бисёрченакаи ғайриклассикии муодилаҳои диф-ференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ» бо-муваффақият рисолаи докторӣ дифоъ намуд.
Таҷрибаи хуби омӯзгорӣ ва фаъолияти пурсамарашро дар корҳои идории муассисаҳои таълимӣ ба назар гирифта, ӯро соли 1997 ба Донишкадаи навтаъсиси андоз ва ҳуқуқи Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба кор даъват намуданд. Дар ин донишкада мавсуф ноиби ректор оид ба корҳои илм буд ва ҳамзамон кафедраи математика ва информатикаро таъсис дода, то соли 2001 дар вазифаи мудири кафедраи мазкур ифои вазифа намуд. Дигар хизматҳои шоистаи олим дар ин ҷо ташкил ва ба таври мунтазам ба роҳ мондани кори лабораторияҳои компютерӣ буд.
Инчунин дар таъсис ва интишори маҷмӯаи илмии донишкада хизмати бо-сазое кард ва ҳам дар тӯли фаъолияти кориаш дар ин даргоҳ вазифаи пурмасъули сармуҳарририи ин маҷмӯаро ба дӯш гирифт. Бо ташаббуси ӯ чандин маротиба конфронси илмӣ ва семинару машваратҳои донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гузаронида шуд.
Соли 2001 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба вазифаи ноиби аввали ректор ба кор даъват шуд ва то охири соли 2005 бо ҷидду ҷаҳди тамом фаъолият кард. Маҳз бо ташаббуси ӯ дар назди Шӯрои илмию методии донишгоҳ оид ба таҳияи стандартҳои давлатии маълумоти олии касбӣ дар тамоми ихтисосҳои донишгоҳ ва мураттаб сохтани нақшаҳои кории таълимӣ гурӯҳи корӣ таъсис ёфт, ки он ҳамаи стандартҳо ва нақшаҳои кории таълимиро бо забони давлатӣ омода намуд. Саҳми ӯ дар рушди мунтазами сифат ва самаранокии таълим, нашри китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ, нақшаю барномаҳои намунавию кории таълимӣ, дуруст ба роҳ мондани коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар факултетҳо ва сохторҳои таркибии донишгоҳ бузург аст.
Ҳамзамон солҳои 2001 - 2010 дар донишгоҳ сарварии кафедраи умумидонишгоҳии математикаи олиро ба уҳда дошт ва барои пурқувват намудани заминаи методию илмии кафедра омӯзгорони пуртаҷрибаи унвондор ва ҷавонҳои лаёқатмандро ба кор даъват намуда, дар як муддати кӯтоҳ кафедраро ба яке аз марказҳои пуриқтидор табдил дод. Ҳоло устодони ҷавони кафедра дар зери роҳбари ӯ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул буда, дар арафаи ҷамъбасти рисолаҳои номзадиашон мебошанд.
Ҷумъахон Сафаров муаллифи зиёда аз 130 номгӯй мақолаю асари илмӣ ва китоби дарсӣ, аз ҷумла ду монография - «Многомерные неклассические системы уравнений с частными производными» (Душанбе: «Дониш», 1996, 230 с.), «Системаҳои ғайриклассикии муодилаҳо» ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ», (Душанбе: «Дониш», Душанбе, 1996, 431 с.), китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ бо номи «Асосҳои математикаи олӣ», ҷилди 1 (Душанбе, 2010, 692с.), васоити таълим бо номи «Муодилаҳои интегралӣ» (Душанбе, 1985, 96с.) мебошад.
Ӯ иштирокчии як қатор конфронсҳо, симпозиумҳо ва конгрессҳои байна-лмилалӣ дар шаҳрҳои Берлин, Токио, Маскав, Новосибирск, Иркутск, Уфа, Алмаато, Бишкек ва Қоҳира мебошад. Маърӯзаҳои илмияш дар ин ҳамоишҳо бо баҳои баланди олимони ҷаҳонӣ сазовор гардидаанд. Аз ҷумла, солҳои 1998 ва 2000 дар Конгресси байналмилалии математикон дар Олмон ва соли 1999 дар Ҷопон суханронӣ карда, матнҳои маърӯзаҳояш дар нашрияҳои бонуфузи хориҷӣ ба табъ расидаанд. Ӯ соли 2001 барои иҷрои барномаи муштараки илмӣ бо мукофоти (гранти) Академияи илмҳои шоҳии Шветсия сарфароз гардидааст.
Мавсуф солҳои тӯлонӣ котиби илмии Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон оид ба дифои рисолаҳои докторӣ, узви Шӯрои диссертатсионии Пажӯҳишгоҳи математикаи Академияи улуми ҷумҳурӣ ва солҳои 2003-2007 раиси Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба дифои рисолаҳои номзадӣ аз рӯи ихтисоси муодилаҳои дифференсиалӣ, узви Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техникаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, раиси бахши математикаи комиссияи экспертии Вазорати маориф ва илми кишвар оид ба нашри китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ буд. Ҳоло узви Шӯрои диссертатсионии Пажӯҳишгоҳи математикаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ оид ба дифои рисолаҳои докторӣ мебошад.
Самараи заҳматҳои тӯлонии устод Ҷумъахон Сафаров дар симои шогирдонаш, ки дар вазоратҳову мақомоти давлатӣ, муассисаҳои гуногуни таълимиву фарҳангии ҷумҳурӣ кору фаъолият доранд, дар осори илмӣ, китобҳои дарсиву васоити таълимӣ ва мақолаҳои сершуморашон инъикос ёфтаанд. Ин шахси наҷиб барои хизматҳову заҳматҳои дар роҳи пуршебу фарози илм кашидааш бо «Аълочии мактабҳои олии ИҶШС» (1986), «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2002) ва Корманди шоистаи Тоҷикистон (2002) қадр шудааст.
Ӯ шахси хоксору меҳрубон, поктинат, фидокор, ростқавлу ташаббускор, дорои хиради баланд ва донишманди варзида буда, дар кор нисбат ба худ ва зердастонаш серталаб мебошад. Ҳоло дар кафедраи математикаи олии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии ҳамин донишгоҳ ба корҳои илмию омӯзгорӣ фаъолияташро идома дода истодааст.
Нусрат РАҶАБОВ, доктори илмҳои физика
ва математика, профессор,
академики Академияи илмҳои ҷумҳурӣ,
Сафар МУЛЛОЕВ,
Сангалӣ ЗОКИРОВ,
Ҳаким НЕМАТОВ,
номзадҳои илмҳои физика ва математика
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.11.2014 №: 10 Мутолиа карданд: 2190