барқияҳо
Барқияи ҳамдардӣ ба унвони Раиси Ҷумҳурии Исломии Покистон
22 cентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи ҳамдардӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:
Бо андӯҳи бузург хабари таркиши мудҳишро дар назди меҳмонсарои «Марриот»-и Исломобод дарёфт намудам.
Ин амали ғайриинсонӣ ва фоҷиабор, ки муҷиби ҳалокату ҷароҳат бардоштани садҳо нафарони бегуноҳ гаштааст, бори дигар зарурати муттаҳид намудани талошҳои мо ва дигар аъзои ҷомеаи ҷаҳониро зидди чунин аъмоли зишти террористон собит месозад. Аз ҷониби худ Тоҷикистон ҳамеша омода аст, ки дар чунин саъйу кӯшишҳо саҳми бештаре дошта бошад.
Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба Ҷаноби Олӣ, хоҳишмандам ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон бирасонед.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 10164