маориф
Панҷ факултаи донишгоҳ
ба низоми кредитии
таҳсилот гузашт
Нуриддин Саидов, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма ёдовар шуд, ки соли гузашта аз 983 устод ва корманди илмии донишгоҳ 850 нафари он дар 49 самт, 98 масоил ва 119 мавзӯъ корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ гузарониданд. 3 рисолаи докторӣ ва 8 рисолаи номзадӣ дифоъ шуд. 2337 номгӯй асарҳои илмӣ, таълимиву методӣ ба табъ расид. Аз ин 31-то монография, 47-то китоби дарсӣ, 169 –то васоити таълимӣ ва дастури методӣ мебошанд. 65 конференсия, мизи гирд ва семинари илмӣ гузаронида шуд.
Натиҷаи 36 таҳияи илмӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ, 238 таҳия дар ҷараёни таълим ва 120 таҳия дар раванди илм истифода гардиданд. 8 патент ва 36 гувоҳномаи муаллифӣ гирифта шуд.
Ректор инчунин иброз дошт, ки сохтор ва Ойинномаи донишгоҳ вобаста ба талаботи давр аз нав гардид ва тағйироти кадрӣ ба амал омад, ки ба пешрафти кору таълим мусоидат мекунад.
Ба китобхонаи марказии донишгоҳ беш аз 8 000 китоби бадеӣ ворид ва 2700-тои он ба китобхонаҳои хобгоҳҳо ирсол гардид.
Чанд бинои таълимӣ ва хобгоҳи донишгоҳ аз таъмири асосӣ бароварда, бо шабакаи гармидиҳӣ пайваст шуданд.
Рӯзномаи донишгоҳ бо номи «Ба қуллаҳои дониш» минбаъд моҳе ду маротиба, дар ҳаҷми 16 саҳифа ба табъ мерасад.
Дар посух ба пурсиши хабарнигорон ректор гуфт, ки 5 факултаи донишгоҳ ба низоми кредитии таҳсилот гузашт ва дигар факултаҳо дар оянда ногузир ба ин низом мегузаранд. Ҳамчунин имсол мувофиқи нақшаи муайянгардида донишҷӯ қабул мегардад, яъне он набояд аз 2600 нафар зиёд бошад. Аз ҷумла, соли гузашта ин миқдорро ба 3419 нафар расонида буданд. Аз ин рӯ дар донишгоҳ ба ҷойи 11 ҳазор қариб 18 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад, дар сурате ки муассисаи таълимии мазкур қудрати гунҷоиши ин миқдор толибилмро надорад.
А. РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 7062