маориф
САНО БАР ҚАЛБИ ҶӮШОНИ МУАЛЛИМ!
Муаллим чеҳраи тобони таълиму тарбия ва ба қавле, муҳандиси рӯҳи одамизод аст. Ӯ нафарест, ки аз одам олам месозад, суханаш баҳри сохтан аст, баҳри сохтани бинои одамгарӣ, шараф ва ватанпарастӣ.
Омӯзгорӣ пешаи пуршараф ва пурмашаққат буда, аз он кас ба қуллаҳои мурод расида метавонад, ҳарчанд на ҳамеша бисёриҳо инро эътироф мекунанд. Ман, ки худ омӯзгор ҳастам, ҳамаи дарду ранҷ ва заҳматҳои омӯзгориро медонам. Ду сол боз бо устод Сироҷиддин Набиев ҳамкорӣ дорам, дар симои эшон, бемуҳобот, тимсоли омӯзгорро дидан мумкин аст. Ҳамкории мо ҳамагӣ ду солро ташкил медиҳад, вале самимияту қаробат хеле зиёд мебошад. Сироҷиддин Набиев инсони шариф, ҳалим, хоксор, нармгуфтор, масъулиятшинос ва фидокор аст. Устод ба ҳар яки мо раҳнамои хубест. Ҳам дар кор ва ҳам дар рӯзгор ба мо беҳтарин маслиҳатҳо медиҳад. Аммо дар кор сахтгир ва серталаб аст, барояш риояи интизоми меҳнат шарти зарурист. Ин аст, ки дар низоми таҳсилот ҳам омӯзгорону ҳам хонандагон масъулиятро ҷиддӣ эҳсос мекунанд. Ҷои инкор нест, ки иддае аз роҳбарон танҳо пайи эроду танқиди зердастон камбудӣ меҷӯянд, вале роҳбари мо ин хел нест. Пеш аз баёни камбудӣ аз пешравиҳоямон ҳарф мезанад, бо ин роҳ моро ба кор ва шогирдонро ба таҳсил дилгарм месозаад. Чунин тарзи муносибат ҳаргиз моро дилмонда намекунад. Устод барои дастгирии омӯзгорони ҷавон ва рӯҳбаландии собиқадорон тамоми тадбирҳоро ба кор мебарад. Ҷавонон аз он кас устуворӣ, меҳнатдӯстӣ, поквиҷдонӣ ва садоқат ба корро меомӯзанд. Маслиҳатҳои устод ба онҳо дар ҳолатҳои баргузории ҳама гуна чорабинӣ, дарс, вохӯриву суҳбатҳо бо хонандагон ва падару модарони онҳо кумак мерасонанд.
Устоди мо сазовори ҳама гуна ситоишу эҳтиром аст. Дил мехоҳад ӯро бо як шеъре, ки пурра ифодагари симои муаллим аст, таҳният бигӯям:
Сано бар қалби ҷӯшони муаллим,
Ба паймону ба эҳсони муаллим.
Чу субҳи босафо бинам ҳамеша
Рухи тобону хандони муаллим.
Муроди ӯ ҳақиқат, росткорӣ,
Чӣ ҷои шак ба имони муаллим.
Надорад давлати дунё, валекин
Пур аз ганҷ аст, бин, хони муаллим.
Куҷо донанд ноаҳлон ба зинҳор,
Азобу заҳмати ҷони муаллим.
Сабоҳат ҚУРБОНБЕКОВА,
омӯзгори мактаби таҳсилоти
умумии № 33-и шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.01.2014 №: 14 Мутолиа карданд: 1792