маориф
ТЕЪДОДИ АЪЛОХОНОН 22 МАРОТИБ АФЗУД
Бино бар иттилои муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Бобоҷон Самиев, натиҷаҳои сессияи имтиҳонии тобистони соли 2013 болоравии сатҳи донишу малакаи шогирдонро вобаста ба азхудкунӣ аз рӯйи ихтисосҳо нисбат ба солҳои 2011-2012 аз 40 то 98 фоиз муайян кард. Нишондоди азхудкунӣ дар гурӯҳҳои низоми кредитӣ 75 фоизро ташкил дод, ки назар ба гурӯҳҳои низоми анъанавӣ зиёдтар аст. Агар соли таҳсили 2011 - 2012 дар гурӯҳҳои низоми кредитии таҳсил ҳамагӣ 6 донишҷӯ сессияро бо баҳои аъло ҷамъбаст карда бошанд, пас дар сессияи тобистонаи соли 2013 ин нишондод 137 нафарро ташкил дод. Яъне, дар ин самти таҳсил пешравӣ 22 маротиба бештар мушоҳида мешавад. Ҳамзамон, гирандагони стипендияи президентӣ аз 3 нафар ба 11 нафар расид.
Э. НАЗАРОВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.01.2014 №: 14 Мутолиа карданд: 1440