маориф
ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШКАДА МУАССИР АСТ
Розиқзода Абдулҳакими Шералӣ, ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабарнигорон фаъолияти илмии ин муассисаро дар соли 2013 нисбат ба як соли пеш муассир хонд. Ба қавли ӯ, зарфи соли сипарӣ ҳамаи уҳдадориҳои илмӣ иҷро шуда, ҳамзамон 72 мақолаю маърӯзаҳои ғайринақшавӣ таҳия ва чоп шуданд.
Феълан дар донишкада 82 нафар донишҷӯ машғули омӯзиш буда, дар магистратураи он 70 нафар хизматчии давлатӣ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Дар ҳамин ҳол, ба манзури ташкили заминаҳои илмӣ - методии таълим таҳияи 31 модул ва маҷмӯаҳои таълимӣ – методӣ пешбинӣ гардида, теъдоди зиёди он иҷро шудааст.
Дар соли гузашта робитаи донишкада бо Бунёди Ҳаннс Зайдел дар самти омодасозии касбии хизматчиёни давлатӣ ҳамчунон идома ёфта, бо ёрии молиявии ин хазина хизматчиёни давлатӣ имкони таҳсил дар магистратураи донишкадаро пайдо карданд. Гузашта аз ин, дар доираи ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои марбутаи хориҷӣ мутахассисони олмонӣ муддате дар магистратураи ин муассиса машғулиятҳо доир намуданд, ки аз манфиат холӣ набуд.
Бино ба иттилои ректори донишкада, бар пояи нақшаи курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ барои соли 2013 дар маҷмӯъ 1 курси азнавтайёркунӣ, 33 курси такмили ихтисос ва 6 хониши идоравӣ гузаронда шуд, ки дар онҳо 1680 нафар шунаванда иштирок ва соҳиби шаҳодатномаю гувоҳнома гардид.
Қобили зикр аст, ки донишкадаи мазкур моҳи августи соли 2013 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1502 дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ таъсис шуда, 1 октябри соли гузашта расман ба фаъолият шурӯъ кард.
Ф. ҶУМЪАЕВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.01.2014 №: 14 Мутолиа карданд: 1583