мулоқотҳо
ТАЪЙИНОТИ КАДРӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА
18 январ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Вазорати мудофиа таъйиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои нави роҳбарӣ дар Вазорати мудофиа ва Қувваҳои Мусаллаҳ таъйингардидаро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, пурзӯр намудани қудрати дифоии Тоҷикистон, ҳифзи бошарафи марзу буми кишвар, омодасозӣ ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои ҷавону ояндадор ҳидоят намуд.
Зариф Бобокалонов, ки кадри ҷавони соҳа ва дорои ду тахассуси олии ҳарбӣ ва шунавандаи Академияи ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия аст, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Саидамир Розиқов ва Абдуҳалим Назаров, ки ҳар ду кадрҳои соҳибтахассус, ботаҷриба ва кордону корозмуда мебошанд, муовинҳои вазири мудофиа таъйин шуданд.
Миралӣ Раҳматов, ки дорои ду тахассуси олии ҳарбӣ буда, то ин вақт дар вазифаҳои гуногуни раҳбарӣ дар Вазорати мудофиа ва Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сарбаландона адои хизмат кардааст, фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Кадрҳои ҷавону кордон Зариф Ҳакимов ва Собирхон Назаралиев дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке сардори Раёсати ҳамкории ҳарбӣ - байналхалқӣ ва дувумӣ сардори Раёсати молия ва буҷети Вазорати мудофиа таъйин шуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.01.2014 №: 15 Мутолиа карданд: 1394