қарорҳои ҳукумат
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 январи соли 2014, № 23, ш. Душанбе
ДАР БОРАИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «АКАДЕМИЯИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММАИ ТОҶИКИСТОН»
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти воситаҳои ахбори омма, татбиқи дастовардҳои илми муосир дар таъмини амалии иттилоот, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар заминаи Маркази миллии санъатҳои аудиовизуалии (радио, телевизион, кино) Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» таъсис дода шавад.
2. Оиннома ва сохтори Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
3. Теъдоди штати кории Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» 27 воҳид, аз ҷумла 12 воҳид аз ҳисоби теъдоди умумии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ муқаррар карда шавад.
4. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди музди меҳнат ва хароҷоти марбут ба фаъолияти муассисаи мазкурро аз 1 январи соли 2014 ва солҳои минбаъда муайян карда, таъмин намояд.
5. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон»-ро бо бино ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин намояд.
6. Дар Номгӯйи ташкилотҳои системаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 610 «Дар бораи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, калимаҳои «Маркази миллии санъатҳои аудиовизуалӣ (радио, телевизион, кино) ба калимаҳои Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» иваз карда шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 январи соли 2014, № 23 тасдиқ шудааст
ОИННОМАИ
Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон»
I. Муқаррароти умумӣ
1. Оинномаи мазкур асосҳои фаъолияти ташкилӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва дигар соҳаҳои фаъолияти иҷтимоии Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон»-ро (минбаъд «Академия) муайян мекунад.
2. Академия муассисаи илмӣ, таълимӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи телевизион, радио ва матбуот буда, фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи иттилоот» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома ба роҳ мемонад.
3. Академия сохтори мустақили Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.
4. Академия дорои моликияти давлатӣ бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ, ҳисоби буҷетӣ ва махсус дар Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳр бо тасвири нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ мебошад.
5. Академия ҳуқуқ дорад, ки аз номи худ шартномаҳо бандад, ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро ба даст оварда, татбиқ намояд, ӯҳдадорӣ гирад, дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад.
6. Суроғаи ҳуқуқии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон»: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25.
II. Мақсад ва вазифаҳои асосии Академия
7. Мақсад ва вазифаҳои асосии Академия:
- ташкили тайёркунӣ ва азнавтайёркунии касбӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандони воситаҳои ахбори омма;
- гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи телевизион, радио ва матбуот;
- таҳияи пешниҳоду тавсияҳои методӣ оид ба такмили барномаҳои соҳаи телевизион, радио ва маводи матбуот;
- рушди ҳамкориҳои илмӣ ва эҷодии кормандони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон бо ҳамкасбони хориҷӣ ва ватанӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, стандарт ва усулҳои муосири корбарии дохилию хориҷӣ дар соҳаи иттилоот, жанрҳои касбӣ, техника ва технологияи иттилоотии муосир;
- рушди воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва завқи бадеии кормандони онҳо;
- ташкили фестивал, симпозиум, конференсия, мизҳои мудаввар, семинарҳо, намоиши асарҳо ва дигар чорабиниҳо;
- амалисозии дигар намудҳои фаъолияти илмӣ, таълимӣ, тиҷоратӣ, молиявие, ки ба мақсаду вазифаҳои Академия мувофиқ мебошанд ва бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудаанд.
III. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои Академия
8. Академия ҳуқуқ дорад:
- дар асоси Оиннома санадҳоеро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, қабул намояд;
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти илмӣ, эҷодӣ, таълимӣ ва бозомӯзии кормандони соҳаи телевизион, радио ва матбуотро амалӣ намояд;
- тартиби истифодаи маблағҳои ба суратҳисоб аз сарчашмаҳои дигари буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ воридгаштаро муайян намояд;
- мониторинги кормандони касбӣ, магистрантҳо, унвонҷӯйҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва коромӯзони соҳаро гузаронад;
-дар ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои илмӣ, таълимӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ дар ин соҳа тадқиқоти сотсиологӣ барад;
-баъди омӯзиши барномаҳои таълимӣ ба шунавандагон шаҳодатнома (сертификат) диҳад;
IV. Идоракунии Академия
9. Идоракунии Академия дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амалӣ карда мешавад.
10. Оиннома ва сохтори Академияро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
11. Роҳбари бевоситаи Академия Директор аст, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод менамояд.
12. Мақоми машваратии Академия шӯроҳои илмӣ ва таълимӣ мебошанд, ки ба онҳо Директор ва муовинони ӯ (аз рӯи вазифа), мудирони шӯъбаҳо, адибон ва журналистон, мутахассисони варзидаи воситаҳои ахбори омма дохил мешаванд. Низомнома, теъдод ва ҳайати шӯроҳоро бо пешниҳоди Директори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
13. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Директорро ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод менамояд;
- сохтор ва Оинномаи Академияро тасдиқ ва дар ҳолати зарурӣ ба онҳо тағйирот ворид мекунад;
-масъалаҳои барҳамдиҳӣ ва табдилдиҳии Академияро ҳал мекунад.
14. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- фаъолияти касбии Академияро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ ва назорат мекунад;
- бо пешниҳоди Директор муовинони ӯро ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод мекунад;
- низомнома, теъдод ва ҳайати Шӯроҳои илмӣ ва таълимиро тасдиқ мекунад;
- бо пешниҳоди Директор аъзои шӯроҳои илмӣ ва таълимии Академияро тасдиқ ва аз иҷрои вазифа озод менамояд.
15. Шӯроҳои илмӣ ва таълимӣ:
- масъалаҳои ташкили ҷараёни таълим ва корҳои илмию таҳқиқотиро ҳал менамоянд;
- натиҷаҳои фаъолияти солонаи таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ ва методии Академияро ҷамъбаст намуда, барои бехтар намудани онҳо тавсияҳо медиҳанд;
- масъалаҳои таъсис ва барҳам додани кафедраҳо, шуъбаҳо, кабинетҳо ва тағйири номгузории онҳоро баррасӣ менамоянд;
- нақшаҳои кори Академияро таҳия ва тасдиқ менамоянд;
- оид ба пешбарии номзадҳо ба магистратура, аспирантура ва докторантура қарор қабул менамоянд;
- барои ишғоли вазифаҳои мудири шуъба, сармутахассис ва мутахассиси пешбар озмун эълон менамоянд;
- шакл, низом ва андозаи пардохти музди меҳнат ва дигар намудҳои даромади кормандонро муайян менамоянд;
- оид ба ворид намудани тағйирот ба Оиннома таклиф пешниҳод менамоянд;
- масъалаҳои ҳақгузории меҳнати кормандон, реҷаи кор, таъминоти иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоии аъзои коллективи меҳнатиро баррасӣ менамоянд;
- дигар масъалаҳоро оид ба фаъолияти Академия баррасӣ менамоянд.
Қарорҳои шӯроҳо бо фармони Директор ба расмият дароварда мешаванд.
16. Директор:
- дар муносибат бо Муассис ва мақомоти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, инчунин дар суд ва дигар ҳолатҳо Академияро намояндагӣ мекунад;
- қарордодҳо, шартномаҳои меҳнатӣ мебандад, ваколатномаҳо медиҳад, аз ҳуқуқи идоракунии амвол истифода мебарад, ҷадвали штатиро тасдиқ мекунад, фармонҳо мебарорад;
- ба кори шӯроҳои илмӣ ва таълимӣ ва фаъолияти ҳамарӯзаи кормандон роҳбарӣ мекунад;
- иҷрои нақшаҳои ҷориву дурнамо ва фармонҳои худро таъмин менамояд;
- тибқи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кормандонро ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод менамояд;
- дар назди Муассис нисбати натиҷаҳои фаъолияти Академия масъул мебошад.
V. Таълим дар Академия
17. Таълим дар Академия:
Муҳлати таълим тибқи нақша ва барномаҳои таълимӣ аз 1, 3, 6 моҳ ва як сол иборат аст.
18. Дар ҷараёни таълим ҳамаи шаклу усулҳои пешқадаму нави дарсгузарӣ, аз ҷумла лексияҳо, машғулиятҳои лабораторӣ, амалӣ, таҷрибаомӯзӣ дар муассисаҳои воситаҳои ахбори омма, омӯзиш ва муҳокимаи маводи чопӣ, сомонаҳои интернетӣ, азназаргузаронӣ ва таҳлили барномаҳои телевизион ва радио, гузоришҳо, кинофилмҳо, спектаклҳо, навиштани рефератҳо ва ғайра истифода карда мешаванд.
19. Дарсҳои таълимӣ дар курсҳо тибқи барномаҳои таълимӣ, ки бо фармоиши директори Академия тасдиқ шудаанд, сурат мегиранд. Давомнокии дарсу машғулиятҳо дар синфхонаҳои Академия 45 дақиқаро ташкил медиҳад.
20. Азхудкунии шунавандагон аз натиҷаи имтиҳонот ва дифои корҳои хаттӣ бо низоми «аъло», «хуб», «қаноатбахш» ва «ғайриқаноатбахш» баҳогузорӣ мешавад.
21. Фаъолияти мутахассисоне, ки аз дигар муассисаҳои илмӣ ва эҷодии дохил ва хориҷи кишвар даъат карда мешаванд, дар асоси шартнома сурат мегирад.
VI. Манбаи маблағгузории Академия
22. Манбаи маблағгузорӣ:
- буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағҳои махсус;
- маблағҳои пулие, ки дар натиҷаи иҷрои кор ё тадбирҳои дар асоси қарордоди бо ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, муассисаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ басташуда ба даст оварда шудаанд;
- маблағҳои пулии аз фурӯши маводи илмӣ ва таълимӣ, адабиёти гуногун, кинофилмҳо ва видеофилмҳо, баргузории фестивалҳо ва барномаҳои тиҷоратӣ бадастомада.
VII. Амволи Академия
23. Амволи Академияро фондҳои асосӣ ва дигар моликияти давлатӣ ташкил медиҳад. Арзиши тавозунии амволи Академия дар тавозуни тақсимшавандаи он инъикос меёбад.
VIII. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Академия
24. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Академия бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқар-рарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 январи соли 2014, № 23 тасдиқ шудааст
СОХТОРИ
Муассисаи давлатии
«Академияи воситаҳои
ахбори оммаи Тоҷикистон»
1. Маъмурият
Директор – 1
Муовини директор – 1
2. Шуъбаи нашрия
Мудири шуъба- 1
Сармутахассис – 1
Мутахассиси пешбар – 1
3. Шуъбаи телевизион ва радио
Мудири шуъба – 1
Сармутахассис - 1
Мутахассиси пешбар – 1
4. Шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ
Мудири шуъба – 1
Сармутахассис – 1
5. Шуъбаи кадрҳо
Сардори шуъба – 1
Нозир – 1
6. Шуъбаи муҳосибот
Сармуҳосиб – 1
Муҳосиб – 1
Муҳосиб (хазинадор) – 1
7. Шуъбаи коргузорӣ ва хоҷагидорӣ
Мудири шуъба – 1
Ҳуқуқшинос – 1
Комендант – 1
Мутахассиси бойгонӣ – 1
Мутахассис – 1
Муҳандис (барқчӣ) – 1
Фаррош- 1
Ронанда – 2
8. Кабинети илмию тадқиқотӣ
Лаборант – 1
9. Кабинети нашриёти даврӣ
Лаборант -1
10. Кабинети телевизион ва радио
Лаборант -1
11. Кабинети омӯзиши компютерӣ ва ороиши дизайнерӣ
Лаборант -1
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.01.2014 №: 15 Мутолиа карданд: 1967