маориф
СОХТМОНИ МАКТАБҲО ДАР ВОДИИ РАШТ ИДОМА МЕЁБАД
- Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфраструктураи коммуналӣ» аз 1 сентябри соли 2009 то 1 апрели соли 2014 қабул шуда, мақсад аз он беҳтар намудани шароити таълим дар мактабҳои таълимоти ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ дар минтақаҳои фарогири барнома бо роҳи қисман бунёд кардани инфрастуктураи васеи мактабӣ мебошад.
Марҳилаи дуюми барнома 20 ноҳияи вилояти Хатлонро фарогир аст, - гуфт зимни нишасти хабарӣ Саидаҳмад Мирзоев, директори иҷроияи Бунёди иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон. Аз ҷумла ӯ қайд намуд, ки дар доираи барнома асосан 3 категорияи мактабҳо: 2 мактаби дар вагонхонаҳо, 6 мактаби дар хонаҳои шахсию биноҳои маъмурӣ ва ҷамъиятӣ ҷойгиршуда ва 30 мактаби дар ҳолати садамавӣ қарордошта мавриди таъмиру азнавсозӣ қарор гирифтанд. То ин замон ба маблағи 3059, 7 ҳазор доллари амрикоӣ корҳо анҷом дода шудаанд. Илова бар ин, имсол аз 1 апрели соли 2013 Барномаи «Сохтмони мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт» ба имзо расид. Тибқи нақша амалисозии ин барнома то 31 декабри соли 2015 бояд ба анҷом расад. Он аз 25 феврали соли гузашта дар ҳаҷми 15, 5 миллион сомонӣ барои сохтмони биноҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ дар ноҳияҳои водии Рашт оғоз ёфта, амалӣ шуда истодааст, - зикр кард номбурда.
Нигинаи РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.01.2014 №: 16 Мутолиа карданд: 1436