мулоқотҳо
ГУСТАРИШИ ҲАМКОРӢ БО ВАКИЛОНИ ПОРЛУМОНИ САҲА
22 январи соли равон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи вакилони порлумони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз Шведсия ва Данияро, ки таҳти сарварии узви Кумитаи мудофиаи порлумони ин созмон дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, Тоҷикистону САҲА дар се самти асосӣ - сиёсию амниятӣ, иқтисодию экологӣ ва рушди инсонӣ ҳамкории босамар доранд.
Зимни суҳбат таваҷҷуҳи зиёд ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, тақвияти муҳофизат ва идораи марзи давлатии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, бартарафсозии мушкилоти ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, поксозии қаламрави Тоҷикистон аз минаву дигар моддаҳои тарканда, рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ зоҳир гардид.
Бо изҳори қаноатмандӣ бояд зикр кард, ки масъалаи ҷалби Афғонистон ба фаъолияти САҲА ба гунаи шарик оид ба ҳамкорӣ маҳз аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда, дастгирӣ ёфта буд.
Ҳарду ҷониб ҳавасмандии хешро ба густариши ҳамкорӣ дар ҳамаи самтҳои мазкур ва дигар бахшҳо таъкид намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.01.2014 №: 17 Мутолиа карданд: 1574