маориф
У. ҚУРБОНОВ: «ТАБИБ БА ЭҲТИРОМ ВА ЭЪТИҚОД НИЁЗ ДОРАД»
- Соли 2013 низ барои аҳли Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар тамоми самтҳои фаъолият бобарор омад, - гуфт Убайдулло Қурбонов, ректори донишгоҳи мазкур. Зикр гардид, ки тамоми дастовардҳои солҳои охири донишгоҳ аз «Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои солҳои 2006-2015», ки мавриди амал қарор дорад, маншаъ мегиранд.
Дар ин давра вазифаҳои ба роҳбарӣ ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ҷалб намудани олимони ҷавон беҳтар гардид. Теъдоди донишҷӯён, аз ҷумла донишҷӯёни хориҷӣ, шартномавӣ ва ба тариқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда аз 8 то 20 маротиба афзуд. Соли гузашта донишгоҳро 1012 нафар, аз ҷумла 81 нафар бо дипломи аъло хатм кард. 14 донишҷӯ дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни мактабҳои олӣ ғолиб омад ва донишгоҳ дар байни мактабҳои олии кишвар мақоми дуюмро соҳиб шуд.
Роҳбарияти донишгоҳ ба-рои таъмини стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ мутобиқи «Консепсияи ислоҳоти тиббӣ ва фа-рмасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷи-кистон» системаи мавҷудаи таълимиро дар факултети тиббӣ такмил дода, ҷиҳати ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ ва ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир намудани мутахассисони ҷавон чораҳо андешида, 62 барномаи кориро тасдиқ кард.
Бо ташаббуси раёсати донишгоҳ ва дастгирии молиявии Дафтари швейтсарии рушду ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаи ислоҳоти барномаҳои факултети тиббӣ соли гузашта Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ таъсис дода шуд. Дар давоми сол 5 ҳазор донишҷӯ маҳорати клиникии худро ташаккул дод.
Убайдулло Қурбонов гуфт, ки дар кафедраҳои клиникии донишгоҳ 403 нафар, аз ҷумла 63 доктори илм ва 157 номзад фаъолият дорад. Дар давоми соли 2013 аз тарафи кормандони донишгоҳ ба 49 ҳазор бемор ёрии ташхисию табобатӣ ва машваратӣ расонда шуд, ки аз ин беш аз 13 ҳазорашро амалиёти ҷарроҳӣ ташкил медиҳад. Мавсуф таъкид ба он дошт, ки соли гузашта дар ҷумҳурӣ 150 ҳазор амалиёти ҷарроҳӣ сурат гирифт, ки қариб ҳамаи беморон шифо ёфтанд. Вале, мутаассифона, хабарнигорон дар ин бора наменависанд ва як ҳодисаи ночизро ҳангома мекунанд.
-Табиб танҳо ба эҳтиром ва эътиқод ниёз дорад, - гуфт Убайдулло Қурбонов.
М. САФАРОВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.01.2014 №: 17 Мутолиа карданд: 1413