маориф
ДАСТПАРВАРОНИ ДОНИШГОҲ БАЛАНДИХТИСОСАНД
Амонулло Салимов, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар нуҳ факултаи донишгоҳ 8292 донишҷӯ аз рӯи 38 ихтисос ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Барои босифат гузаштани машғулиятҳои назариву амалӣ 67 озмоишгоҳи таълимию илмӣ, 15 маркази компютерӣ ва ду хоҷагии таълимӣ - таҷрибавии ноҳияҳои Ҳисор ва Ёвон хидмат мерасонанд.
Назар ба гуфтаи ректор, таҳсил дар донишгоҳ бо низоми кредитӣ ва анъанавӣ ба роҳ монда шудааст. Алҳол се курси ихтисосҳои донишгоҳ ва курси аввали магистрон ба низоми кредитӣ гузашта, дар соли хониши 2014 - 2015 донишгоҳ пурра ба ин низоми таҳсил ворид мегардад. Дар соли 2013 барои соли сеюми таҳсилоти кредитӣ 49 дастури методӣ, 33 китоби дарсӣ, 6 монография ва 8 тавсиянома аз тарафи Шӯрои методӣ баррасӣ ва ба чоп тавсия гардид.
Соли гузашта донишгоҳро аз рӯи 31 ихтисос 1978 донишҷӯ, аз ҷумла 654 нафар тибқи буҷети давлат хатм намуда, барои фаъолият ба истеҳсолот роҳхат гирифт. Як зумра хатмкардагон худ ҷои кор пайдо мекунанд, ки он аз эътирофи сатҳи ихтисосмандии дастпарварони донишгоҳ шаҳодат медиҳад.
Зикр гардид, ки имрӯз дар донишгоҳ 24 озмоишгоҳи илмию таълимӣ фаъолият дорад, ки онҳо метавонанд дар асоси шартнома барои санҷиши сифати тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ ва дон, тарҳрезии харитаҳои истифодаи замин, технологияи парвариши рустаниҳои ситрусӣ, дарахтони сӯзанбарг, муайян намудани касалиҳои зироатҳои кишоварзӣ дар шароити лабораторӣ хизмат расонанд.
Амонулло Салимов гуфт, ки донишгоҳ бо 74 мактаби олӣ аз 20 мамлакат, 14 ташкилоти бонуфузи хориҷӣ ва 8 барномаи байналмилалӣ доир ба тайёр намудани мутахассисон, кадрҳои илмӣ омӯзгорӣ, мубодилаи омӯзгорону донишҷӯён созишномаи ҳамкорӣ дорад. Соли сипаришуда 82 нафар корманди донишгоҳ ба 18 кишвари хориҷӣ барои коромӯзӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ сафарбар карда шуд.
С. МУНАВВАР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.01.2014 №: 17 Мутолиа карданд: 1484