маориф
ДОНИШГОҲ ДАР БАХШҲОИ НАВ СОҲИБИ ИҶОЗАТНОМА ГАРДИД
Нуралӣ Солеҳов, ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, иброз дошт, ки соли 2013 донишгоҳ дар бахшҳои нави риёзиёт, физика, кимиё, биология, омӯзгорӣ (забону адабиёти рус), сайёҳӣ соҳиби иҷозатнома гардид.
То кунун бо зиёда аз 80 муассисаҳои давлатӣ дар ҷумҳурӣ шартномаҳои да-розмуҳлати таҷрибаомӯзӣ баста шудааст ва донишҷӯён дар идораву муассисаҳо аз рӯи ихтисосашон таҷриба меомӯзанд. Бояд гуфт, ки 38 адади шартномаҳо бо кор таъмин намудани хатмкунандагони лаёқатмандро дар назар дорад. 72 дарсади хатмкардагони соли 2013 бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.
Бино ба иттилои ректор, ҳамасола донишҷӯён дар озмунҳои илмие, ки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ташкил мекунад, ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Аз ҷумла, донишҷӯи курси 3-юми шуъбаи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт, ҳамчун беҳтарин иштирокчии олимпиада оид ба технологияҳои шабакавӣ ва иттилоотӣ дар озмуни «Мутахассиси бомаҳорати IT» бо ифтихорнома мукофотонда шуд.
Дар нашри китобу дастурҳо низ пешравиҳо назаррасанд. Чунончи 17 монография, 86 китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимиву методӣ, 6 луғат, 13 маҷмӯаи мавзӯӣ, 411 мақолаҳои илмӣ ва илмии методӣ ба табъ расиданд.
Соли гузашта 38 донишҷӯи донишгоҳ дар доираи барномаҳои мубодилаи академӣ дар мактабҳои олии Русия, Чин ва Олмон дониш омӯхтанд. Дар донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои гуногун дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура шаҳрвандони Афғонистон, Чин, Исроил, Кореяи Ҷанубӣ, Нигерия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон таҳсил менамоянд. Ғайр аз ин, барои шунавандагони хориҷӣ курсҳои яксолаи омӯзиши забони русӣ ба роҳ монда шудааст.
Шаҳнози ҚУРБОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.01.2014 №: 17 Мутолиа карданд: 1517