президент
Ҷаласаи Шӯрои амнияти
ҷумҳурӣ баргузор гашт
29 январи соли 2009 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар рафти он ҳисоботи роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шунида, натиҷаҳои фаъолияти онҳо дар соли 2008 мавриди таҳлилу баррасии ҷиддӣ қарор гирифт ва вазифаҳо барои соли равон муайяну мушаххас карда шуданд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба бартараф намудани камбудию нуқсонҳои мавҷуда, таҳкими омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва фаъолияти дигар сохторҳои дахлдор оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ зоҳир гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти худ ба Раиси Суди олӣ Нусратулло Абдуллоев, Раиси Шӯрои адлия Шермуҳаммади Шоҳиён, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ – намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ Зариф Ализода ва директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо Исмоил Шафиев 6 моҳ мӯҳлат дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3912