logo

мулоқотҳо

Президент сафири нави Фаронсаро ба ҳузур пазируфт

28 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабианӣ эътимоднома қабул намуд.
Зимни сӯҳбати Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Анри Зиппер де Фабианӣ, ки баъди супурдани эътимоднома сурат гирифт, масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуданд.
-Фаронса, ки бо Тоҷикистон ҳамгироии гуногунҷанба дорад, шарики асосии мо дар қитъаи Аврупо аст, - изҳор дошт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.
Пеш аз ҳама аз сатҳи ҳамкориҳои ҳарбӣ-сиёсии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, бахусус ҷалби сармояи Фаронса ба татбиқи лоиҳаҳои судовари инвеститсионии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи афзалиятноки гидроэнергетика, амри зарурӣ ва идомаи мантиқии ҳамгироиҳои мавҷуда маънидод гардид.
Дар робита бо нақшаҳои ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Анри Зиппер де Фабианӣ аз ҷумла изҳор дошт:
-Тоҷикистон метавонад ба  дастгирӣ ва кӯмаки амалии Фаронса баҳри раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва  татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетии худ эътимод бандад.
Вай инчунин таъкид намуд, ки баҳри шиносоии бештари Тоҷикистон ба мардуми Фаронса ва ҷалби сармоягузорони кишвараш ба ин ҷо кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад.
Дар мулоқот ҳамчунин атрофи авзои кунунии Афғонистон ва зарурати рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

* * *
-Барои ман шарафи бузург насиб гардид, ки эътимодномаи худро ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъди ду рӯзи ба Душанбе ташриф оварданам, супорам. Ман ин таваҷҷӯҳро ҳамчун нишони муносибатҳои некбинонаи ҳар ду кишвар арзёбӣ мекунам,- иброз дошт ба хабарнигорон Сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабианӣ пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, Сардори давлати Тоҷикистон.
Қабули самимона ва сӯҳбати басо гуворо дар ҳузури Президент маро ҳамчун сафир водор месозад, ки барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фазои сармоягузорӣ аз Фаронса ба Тоҷикистон бо ҷалби лоиҳаҳои гуногун саҳми назаррас дошта бошам. Дар мулоқот бо Ҷаноби Олӣ дар доираи ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо ба ду ҷанбаи муҳим- таҳкими сарҳадоти давлатии Тоҷикистон ва рушди муносибатҳои иқтисодӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир шуд.
Ҷониби Фаронса кӯшишҳои пайгиронаи ҷониби Тоҷикистонро дар мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризм ва сулҳу субот дар минтақа ҳамаҷониба қадр мекунад. Дар ин самт Иттиҳоди Аврупо, ба вижа Фаронса чанд лоиҳаи мушаххасро тарҳрезӣ намудааст, ки татбиқи амалии онҳо ба манфиати Тоҷикистон ва кулли кишварҳои минтақа хоҳад буд.
Анри Зиппер де Фабианӣ гуфт, ки ман дар Париж бо намояндагони Институтҳои бонуфузи кишварамон, аз ҷумла Институти кӯҳкорӣ, сӯҳбат доштам. Онҳо ба захираҳои табиии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса доранд ва ба боварӣ метавонам гӯям, ки дар шаш моҳи баъдӣ чанд лоиҳаи вижа дар Париж тарҳрезӣ ва дар Тоҷикистон мавриди татбиқ қарор мегиранд.
Айни замон дар Фаронса силсилаи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доранд, ки якеи онҳо бунёди аэровокзали нави Душанбе аст. Ҳукумати Фаронса ба ин мақсад 17 миллион евро тахсис додааст.
-Коршиносон дар Фаронса ба натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳар ду кишвар баҳои баланд медиҳанд, ки ин бегуфтугӯ ба манфиати мардумони Тоҷикистону Фаронса хоҳад буд,- гуфт дар анҷоми нишасти матбуотӣ Анри Зиппер де Фабианӣ, Сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон.

Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3590
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед