маориф
7 ПАТЕНТИ ИХТИРООТИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГӢ
- Мувофиқи рейтинги агентии русии «Интерфакс» Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2013 ба рӯйхати беҳтарин муассисаҳои олии касбии ИДМ шомил гардид.
Миёни 400 муассисаи инноватсионии таълимоти олии ИДМ мақоми 151-ро соҳиб шудем,- гуфт дар нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Нуралӣ Шоев. Зикр гардид, ки ин муддат Маркази мониторинги рақобатпазирии донишҷӯи донишгоҳ дар бозори меҳнат таъсис ёфт. Ин марказ дорои сомонаи махсус аст, ки дар он ному насаби донишҷӯёни донишгоҳ дарҷ гардидааст ва корфармоён метавонанд ба ин восита бо онҳо ошноӣ пайдо кунанд.
8 нафар устодони донишгоҳ рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд. Устодон дар ҳамкорӣ бо донишҷӯён 7 патенти ихтироот ба даст оварданд. 215 нафар донишҷӯён мактабҳои олии Русияро хатм намуда, ба Ватан баргаштанд ва дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд.
Барои дастгирии омӯзгорони ҷавон донишгоҳ барномаи дохилидонишгоҳии «Ба пеш, ба сӯи музаффариятҳои беназир то 35-солагӣ»- ро қабул намуд. Тибқи ин барнома омӯзгори ҷавон бояд яке аз забонҳои хориҷиро донад, бо барномаҳои компютерӣ кор карда тавонад ва масъулиятшинос бошад.
Устодон нақша доранд телевизиони дохилидонишгоҳиро таъсис дода, барномаҳои тарбиявӣ, гузаронидани таҳсилоти фосилавиро дар донишгоҳ пахш намоянд.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.01.2014 №: 19 Мутолиа карданд: 1488