маориф
ДДТТ: 8 НАФАР СОҲИБИ ДИПЛОМИ АЪЛО ШУДАНД
Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Муъминҷон Шарифов дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма гуфт, ки донишгоҳро соли 2013 8 нафар бо дипломи аъло хатм намуд.
Бори аввал 16 нафар гурӯҳи таълимӣ бо забони англисиро хатм намуда, соҳиби дипломи байналмилалӣ шуданд. Донишҷӯ Меҳринисо Раҳмонзода дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол -2013» ҷойи дуюмро соҳиб гардид. Шоира Зулқайнарова дар чемпионати ҷаҳон оид ба мусобиқаи универсиалии «Лайт классик» дар шаҳри Калугаи Русия сазовори ҷойи дуюм ва Рухшона Раҳимзода сазовори ҷойи сеюм гаштанд. Субҳоналӣ Аминов дар ченпионати шаҳрӣ оид ба дзюдо ҷойи якум ва Салими Фаррух дар чемпионати Осиё, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ҷойи дуюмро соҳиб шуданд.
Устодон Ҷасур Одинабеков ва Фотеҳ Аминов Ҷоизаи Исмоили Сомониро дар соҳаи илму техника ба даст оварданд. 10 нафар магистратури донишгоҳҳои Комянги Кореяи Ҷанубӣ, Венаи Австрия, Беларус ва Новосибирски Русияро хатм намуда, ҳоло дар донишгоҳ фаъолият доранд. Айни замон 16 устоди ҷавони донишгоҳ дар риштаи аспирантураи донишгоҳҳои Словения, Полша, Австрия, Испания, Беларус ва Русия таҳсил мекунанд.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.01.2014 №: 19 Мутолиа карданд: 1419