мулоқотҳо
Қабули сафири Литва
26 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави Ҷумҳурии Литва дар Тоҷикистон Ромуалдас Козировичюс эътимоднома қабул намуд.
Дар сӯҳбати Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Ромуалдас Козировичюс, ки баъди маросими супурдани эътимоднома сурат гирифт, ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Литва баррасӣ шуданд.
Афзоиши мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар, ки ҳаҷми он дар соли 2008 беш аз 110 миллион доллари амрикоро ташкил дод, нишона аз вуҷуди имконоти васеи ҳамкории иқтисодӣ маънидод шуд ва таъкид гардид, ки ин нишондод бояд боз ҳам афзоиш ёбад.
Изҳори боварӣ шуд, ки сафари расмии пешомади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Литва ба густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, техникию технологӣ ва илмию фарҳангии ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.
Бунёди корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон оид ба истеҳсоли маводи сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо технологияҳои пешрафтаи аврупоӣ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикию нақлиётӣ ва густариши интиқоли молу маҳсулот аз қаламрави ду кишвар аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои иқтисодӣ арзёбӣ гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон, мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3361