энергетика
НОНВОЙҲО ҲОЛО ҲАМ АЗ НЕРУИ БАРҚ ИСТИФОДА МЕКУНАНД
- Қаблан дар шаҳри Қӯрғонтеппа зиёда аз 80 нонвойхона бо неруи барқ фаъолият мекард. Ҳозир пас аз насби ҳисобкунакҳои барқӣ ҳанӯз 10-12-тояш аз барқ истифода мекунад.
Маҳмад Ғуломов, сардори Идораи фурӯши барқи Қӯрғонтеппа, ин ҳарфҳоро зимни нишасти матбуотӣ баён намуд. Ба қавли ӯ, нонвойҳо баҳри пухтани нон аз ангишту ҳезум истифода карда истодаанд. Дар ҳоле ки дар кишвар норасоии шадиди неруи барқ ҷой дорад, мавсуф ба сӯзишвории алтернативӣ нагузаштани он 10-12 нонвойро бисёр сода арзёбӣ кард: “Азбаски дар шаҳр корхонаи нонбарорӣ нест ва талаботи аҳолӣ ба ин навъи маҳсулот зиёд аст, онҳо аз неруи барқ истифода мебаранд. Ин тасмими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа аст”. М. Ғуломов иттилоъ дод, ки бинобар ба 16 миллион сомонӣ расидани қарзҳои дебитории аҳолӣ қарор аст, 20 ҳазор дона ҳисобкунаки кортӣ харидорӣ шавад. “Ин иқдом то чоряки якуми соли ҷорӣ амалӣ хоҳад гашт. Бовар ҳаст, ки бо ин васила мо маблағи истифодаи барқро осон ғун менамоем ва ҳам мардум бо мушкили ҳисобу китоб дигар рӯ ба рӯ намешавад”, - гуфт ӯ.
Ба суоли хабарнигорон дар бобати шаш моҳ боз ҳақмузд нагирифтани кормандони ҶСК “Шабакаҳои барқи ҷануб”, ки маҷмуан 5 миллиону 750 ҳазор сомонӣ аст, сармуҳандиси он Шариф Исоев чунин посух дод:
- Мутаассифона, Раёсати мелиоратсия ва захираҳои оби вилоят ва хоҷагиҳои ҷудогона маблағи истифодаи барқро сари вақт пардохт намекунанд. Аз ин лиҳоз, мо то ҳол музди маоши кормандонамонро пардохт карда наметавонем.
Зокир ҲАСАН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.01.2014 №: 19 Мутолиа карданд: 9248