logo

маориф

ДУ ИХТИСОСИ НАВ ТАЪСИС ЁФТ

Хуршед Зиёев, ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, вазифаи асосии донишкада тарбияи кадрҳои баландихтисоси забондон, омӯзгорон ва тарҷумонони оянда буда, таълим аз даҳ забон дар бист ихтисос сурат мегирад, ки ду ихтисос – таҳсилоти томактабӣ ва забони русӣ ё англисӣ соли 2013  таъсис ёфтанд.
Ректор иброз дошт, ки низоми таҳсили кредитӣ ба мустақилияти донишҷӯ ва сифати таълим таъсири мусбат мегузорад. Бинобар ин тамоми гурӯҳҳои рӯзона бо низоми нав таҳсил доранд. Дар назар аст, ки соли ҷорӣ гурӯҳҳои академӣ ва ғоибона низ ба низоми кредитии таҳсил гузаронда шаванд. Давомоти донишҷӯён ба ҳисоби миёна 90 дарсадро ташкил дод. Вале дараҷаи азхудкунии барномаи таълимӣ бо 82,5% ва 79,1% ҷамъбаст шуд ва ба гуфтаи ӯ ин камбудии давраи гузариш аст, ки бо кӯшиши ҳамаҷониба солҳои оянда рафъ хоҳад шуд.
Фаъолияти илмӣ ва инноватсионии донишкада пешравиҳо дорад. Давоми соли гузашта аз рӯи  6 самти илмӣ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда шуд. 13 монография, 143 мақола (118 илмӣ ва 24 илмӣ-методӣ), 10 дастури таълимию методӣ ба табъ расид. 7 устоди донишкада рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дифоъ карданд.  Донишҷӯёни донишкада ҳамасола дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат меварзанд. Аз ҷумла,  донишҷӯи донишкада дар озмуни 5-уми ҷумҳуриявии «Донандагони забони чинӣ» иштирок карда, сазовори ҷойи аввал гардид. Бад-ин васила ба озмуни 12-уми байналмилалии «Донандагони забони чинӣ» дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин (июл-августи соли 2013) роҳхат гирифта, дар байни 90 давлати дунё ва 125 иштирокчии озмун ҷойи сеюмро ишғол намуд.

Ш. ҚУРБОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2014    №: 19    Мутолиа карданд: 1473
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед