logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ИГОР ШУВАЛОВ

24 январ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Шуваловро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ҳарбию техникӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, бахши муҳоҷирати корӣ ва робитаҳои гуманитарӣ баррасӣ шуданд.
Игор Шувалов ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникии ду кишвар гузориш дода, аз натиҷаҳои он изҳори қаноатмандӣ кард.
Хотиррасон бояд намуд, ки қисме аз созишномаҳо дар бораи дароз намудани муҳлати будубоши Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон то соли 2042, содироти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бе ситондани боҷи гумрукӣ ва сода намудани шароити кору зиндагии муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия ба тасвиб расида, қисмати дигар дар арафаи тасвиб қарор доранд.
Тавре таъкид гардид, тибқи созишнома дар бораи шароити кории шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар муҳлати иҷозатнома барои кор аз 1 соли ҳозира бояд то ба 3 сол дароз карда шавад.
Чунонки зикр гардид, мубодилаи санадҳо доир ба тасвиби ин созишномаҳо, ки аз оғози ба ҳукми қонун даромадани онҳо башорат хоҳанд дод, ба наздикӣ аз ҷониби сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин сурат хоҳад гирифт.
Зимни мулоқот бо ишора ба муносиботи стратегӣ ва иттифоқчигии Тоҷикистону Русия ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши бештари ҳамкорӣ таъкид доштанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.01.2014    №: 20    Мутолиа карданд: 1416
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед