logo

маориф

БЕҲИН КОРЕ, КИ АНДАР ЗИНДАГОНИСТ

Шогирдон муаллими фанни физика Мурод Саидовро бо медалҳои тилло ва нуқраи Эркин Абдиев ва Ҷобири Қурбоналӣ, ки аз олимпиадаи ҷумҳуриявии байни мактабҳои президентӣ ба даст овардаанд, табрик намуданд.
 Дар муассисаи таълимии давлатии мактаби президентии ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Мурод Саидовро муаллимон низ раҳнамои худ мешуморанд. Ин бесабаб нест. Меҳри беандоза ба касб ва масъулиятшиносии устод нисбат ба тақдири кӯдакон намунаи ибрат барои омӯзгорони ҷавон аст.
Дар ин бора худи вай мегӯяд:

Ҳар тифлаки наврӯй, ки лабхандон аст,
Истораи бахти чархи саргардон аст.
Меҳри дили одамон ба ҳар чиз, вале
Меҳри дили ман фақат ба шогирдон аст.

Зимнан 20 нафар шогирдони  М. Саидов медалҳои олимпиадаҳоро соҳиб шудаанд. Барои омӯзгор магар аз ин баландтар мукофот ва подоше ҳаст? Дар байни  ин медалгирифтагон олимони намоёни физика Иброҳим Сарҳадов, Ғаффор Каримов, Одина Одилов, Ҷумъахон Шарифов,  Назар Салимов , Ҳайдар Одинаев  ва дигарон ҳастанд, ки ба корҳои омӯзгорию илмӣ машғуланд. Устод бо шогирдонаш робита дорад. Онҳо аз муваффақияту таҳсилу корҳои илмиашон пайваста ӯро огоҳ менамоянд.  Муаллим аз ҳар як комёбии онҳо хурсанд мешавад,  гӯё қувваю неруи ҷавониаш бармегардад, чунки дар пешрафту  дастовардҳои илмии онҳо ҳиссаи худро  мебинад.
 Мурод Саидов омӯзгори эҷодкор аст. Дар  матбуоти даврии ҷумҳуриявӣ мақолаҳои методӣ ва тавсияҳои зиёди ӯ ба табъ расидаанд. Бо вуҷуди омӯзгори фанни дақиқ буданаш, шефтаи олами каломи бадеъ аст. Фориғ аз дарс қалам ба даст мегираду шеър мегӯяд.
Мавзӯи  шеърҳояш марбут ба таълиму тарбия ва ахлоқ аст. Эҷодиёти худро дар чор маҷмӯа бо номҳои «Чанд масъалаи физикӣ», «Бӯйи гул» (шеърҳо), «Фарёди дил» (шеърҳо), «Қиссаи зани тақлидкор» (манзума) гирд овардааст.
Устод қарзи шаҳрвандию омӯзгорӣ ва қарзи ватандориро ба ҷо овардааст ва аз ин рӯ, ҳақ дорад аз ҳаёти гузаронидааш изҳори қаноатмандӣ намояд.  Дар шеъре бо унвони «Васият» зикр кардааст:

Ақсои Ватанро гулу гулзор кунед,
Зебоии он зиннати ашъор кунед.
Ҳар шому саҳар хоки варо бар дида
Молидаву шукрона ба такрор кунед.

Сотим САИДМУЪМИНОВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.01.2014    №: 21    Мутолиа карданд: 1638
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед