мулоқотҳо
Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон
бо Игорс Апокинс
28 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Латвия дар Тоҷикистон Игорс Апокинсро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаи омодагӣ ба сафари расмии пешомади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Латвия баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки ҳар ду ҷониб аз ин сафар натиҷаҳои намоёну пурарзишро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мунтазиранд.
Ба гуфти мусоҳибон, ҳар ду кишвар имкон дорад, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда метавонанд ҳамкории иқтисодию тиҷоратии худро, аз ҷумла дар самтҳои нақлиёту транзит, бунёди корхонаҳои муштараки коркарди нахи пахта ва меваю сабзавот ва дар сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ дар Тоҷикистон, густариш диҳанд.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин оид ба рушди ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Латвия ва доир ба авзои кунунии Афғонистон сурат гирифт.
* * *
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игорс Апокинс пас аз супурдани эътиборнома ба Эмомалӣ Раҳмон, Сардори давлати Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки ӯ бо Ҷаноби Олӣ масъалаи рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Латвияро, ки ҳамвора тавсеа меёбанд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сафир иброз дошт, ки сафари дарпешистодаи Президенти Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Ҷумҳурии Латвия ба таҳкими муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба такони ҷиддӣ мебахшад. Боиси хушнудист, ки дар ин сафар Ҷаноби Президентро ҳайати бонуфуз ба шумули соҳибкорон ҳамроҳӣ мекунанд. Дар рафти сафар имзои 5 санади ҳамкорӣ, ки ба рушди соҳаи иқтисоди Тоҷикистон заминаи мусоид гузошта метавонад, дар назар аст.
Мувофиқа ҳосил шуд, ки ҳамкориро дар самтҳои гидроэнергетика, саноати бофандагӣ, бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна, таъсиси корхонаҳои муштарак, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва нақлиёту транзит ба манфиати ҳар ду кишвар вусъат бахшем.
Сафир тазаккур дод, ки дар мулоқот инчунин оид ба сафари қарибулвуқӯи ҷавобии Президенти Латвия ба Тоҷикистон, рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ, вазъи феълии Афғонистон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ табодули назар шуд.
Додоҷон Рӯзиев, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3148