маориф
САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ ШУДАНД
- Соли гузашта шумораи зиёди китобҳои дарсӣ таҳия гардид. Санҷиши аз ҷониби шуъбаи таҳсилот гузарондашуда нишон дод, ки сатҳи дониши донишҷӯён нисбат ба солҳои қаблӣ хуб гардидааст, - гуфт дар нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи
соҳибкорӣ ва хизмат Диловар Қодиров.
Зикр гардид, ки дар ин муддат чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ, сиёсиву тарбиявӣ баргузор шуданд. Заминаи моддӣ - техникии донишкада пурқувват гардид. Донишкада дар озмуни Барномаи «Темпус» аз рӯи лоиҳаи «Ҳуҷҷатгузорӣ доир ба сифати барномаҳои таълимӣ» иштирок намуда, ғолиб омад. Се нафар устод ба унвони илмии дотсент ва як нафар профессор мушарраф гардид. Аз ҷониби устодон 458 мақолаи илмӣ нашр шуд. Донишкада барои таъсиси магистратураи ихтисосҳои «Таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ», «Саёҳат ва меҳмоннавозӣ», «Кори бонкӣ» иҷозат гирифт. Таҳсил дар он пурра бо низоми кредитӣ роҳандозӣ шудааст. Донишҷӯён дар озмуни ҷумҳуриявии «Мега Форум», ки ширкати мобилии «Мегафон» бо мақсади таҳияи сомонаи беҳтарин ташкил намуда буд, миёни донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар сазовори ҷойи аввал гардиданд.
Ф. ФАЙЗАЛИЕВА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.01.2014 №: 23 Мутолиа карданд: 1547